Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Илоҷе намуда, аз ин ҷо ҷон ба саломат бурдан лозим. Ба ҳамин хотир пойҳояшро аз нав ёзонид. Аз ихтиёраш набаромаданд, вале ў намедонист, ки чун сари по рост шавад, онҳо ба вай итоат мекарда бошанд? Ҳар чӣ ҳам набошад, ду - се маротиба, то он даме ки суроби нафареро паси оинаи дар надид, пойҳою дастонашро кашиш дод ва ба дарди миён нигоҳ накарда, ба итоати онҳо умед баст. Боқимондаашро вақт ҳал мекард. Дар кушода шудан баробар ў чашмонашро пўшид…
Дороб Қамар омадани собиқ сарбозонашро интизорӣ дошт. Чун нишондоди Хушдил Одил вайро қонеъ нагардонд, ҳаволаашро ба Сайф Насим ва Ҳусейн Акбар намуд. Замоне Сайф ва Ҳусейн аскарони қатории ротаи вай буданд. Ба қавле ў ҳамроҳи онҳо нону намакхӯр буд. Вай командири рота буду Сайфу Ҳусайн аскари қаторӣ. Мегўянд, ки дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад. Дороб Қамар тайи солҳои дар хориҷи кишвар буданаш ҳам фикри рўзи фардоро карда буд.
Ў бо ёрии ин ду аскар чанд нафареро, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, ба ҷаҳанам фиристода, бори мебурдаи онҳоро аз худ менамуд.
Ҳар гоҳе ки расонаҳои хабарии ҷаҳон маводи мухаддирро “марги сафед” меноманд, мўйи бадани Дороб Қамар рост мехезад. - О, ин ҳамааш пул аст, наход пулро “марги сафед” номед? Аблаҳон! ...
Дороб Қамар итминони комил дорад, ки лозим шавад, Сайф ва Ҳусейн аз забони мурда гап мегиранд, вале шаб аз нисф гузашту ҳеҷ не, ки онҳо дар бораи он ҳаштод ҳазор доллар баҳраш маълумоте биёранд.
Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, чашмони капитани мустаъфӣ Дороб Қамарро хоб тарк карда буд. Дар зери фаввораи дуди тамоку бояд иқрор шуд, ки Дороб Қамар саломатиашро ҳамеша ҳифз менамуд ва тамоми умр боре ҳам аз он маводе, ки баҳри дигарон интиқол медод, накашида буд, дилу бедилон саҳфаи хотироти рўзгори хешро варақгардон намуд…
Бо даъвати партияи ҷоноҷон, ки онро “ақл, шараф ва виҷдони даврон” арзёбӣ мекарданд, собиқ сарвари комсомолони ноҳия Дороб Қамарро барои ҳимояи музаффариятҳои инқилоби Савр ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор