Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун сарвари комсомолони ноҳия пой ба хоки давлати дигар гузошт, тӯли се - чор моҳи аввал ба омўзиши вазъи сиёсию иқтисодии он пардохт. Дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ дошт ва таҳлил кори ҳамарўзаи вай буд. Маҳз ҳамин ҳолатҳо ўро то ба курсии аввали комсомол овард. Умед аз ёрӣ ба давлати ҳамсоя - ин аъзои партияи ҷоноҷон шуданаш буд, рафту агар гардиши айём намешуд, Дороб Қамарро қуллаҳои баланд дар пеш буд…
Он чи ки ў дар Афғонистон дид, ба ақл рост намеомад. На танҳо афсарон, балки генералҳо ҳам дар пайи ба даст овардани даромади муфт буданд. Мошинҳо ва техникаи ҳарбиро мефурӯхтанд ва ба наркобаронҳо доду гирифт доштанд. Ҳама чизро дар он шабу рўз пул ҳал мекард ва Дороб Қамар ҳам аз он афсарони баландрутбаю генералҳои дар ишқи пул кабобгашта сабақ мегирифт. Сабақ он тараф истад, ў дар чандин амалиётҳои ғайриқонунӣ иштирок намуда, ҳатто соҳиби ордени "Ситораи Сурх" шуд, ҳол он ки дар ягон амалиёти ҳарбии ротаи дар тобеъияти вай буда худро ба таври бояду шояд нишон надод. Чун ў ҷавони дидаро буд, аз командири баталион сар карда то командири полк ҳама ба номи ў қасам мехўрданд.
Баъди як сол тобистони соли 1988 ўро командири гурўҳи "Сипар" таъин намуданд. Вай акнун унвони капитанро низ соҳиб шуд. Мегўянд, ки харбуза аз харбуза ранг мегирад ва Дороб Қамар низ тайи як соли дар Афғонистон буданаш ба хулосае омад, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад…
Чун Афғонистон мамлакати аграрист ва ба замми ин кўҳистонаш бешумору роҳҳояш чун думи мор борику печ дар печ аксари мардум имконияти кишти зироатҳои ғалладонаро надоранд. Афғонистонро аслан Колумбияи Шарқ ҳам мегўянд ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки қисме аз мардуми ин кишвар дар парвариши кӯкнор ва интиқоли маводи мухаддир даст доранд. Дар ин ҷода мардумро ҳам гунаҳкор кардан нашояд, чунки гурусна бо шер задаст…
Боре ҳангоми дар дидбонгоҳ будан Ҳусейн Акбар мардеро бо чор килограмм афюн дастгир намуд. Ба бахти худи вай он рўз командири "Сипар" капитани Дороб Қамар ба дидбонгоҳ омад.

пешина
аз 527
навбатӣ