Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марди афғон чӣ ҳам мегуфт? Аз дўғу пипусаи аскари бегона ҳаросида, аз ҳамкорӣ бо онҳо розӣ шуд. Он чӣ гуна ҳамкорӣ буд, ў медонисту афсари шуравӣ Дороб Қамар…
Занги дар оҳиста садо доду Дороб Қамар овоз рӯшан кард: - Дар кушода.
Лаҳзае пас Сайф ва Ҳусайн пушти дар, чун замони дар Афғонистон буданашон рост шуда, амри командирро нигарон шуданд.

  • Хуш…
  • Гап ҳамон гап, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфт собиқ сержанти хурд Сайф Насим, ки дар нисбати Ҳусайн Акбар командир ҳисоб мешуд.
  • Шумо чӣ?
  • Дар асоси дастури шумо дурустакак адабашро додем, - ҳисобот дод командири хурд.
  • Ҳоло вай дар куҷост?
  • Дар ҳамин ҷо.
  • Боварӣ доред, ки зинда мемонад?
  • Ганда мурданӣ надорад, рафиқ капитан.
  • Ман хеҷ намефаҳмам, ки он дипломати зормонда куҷо шуд?
  • Вай дар дасти ҳамон худозада.
  • Дар дасти Сайёд Ватан?
  • Не, дар дасти ҳамин Хушдил.
  • Дар ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст.
  • Чӣ хел нимкоса?
  • Дар зери сангчарх мондани мошини Сайёд Ватан. Оё дар ин бора шумо андеша накардед?
  • Дар ин бора мо аз худи вай пурсон шудем, бо тамоми қоидаҳояш.
  • Вай чӣ гуфт?
  • Алибӣ дорад, дар ин бора шумо ҳам хабар доред.
  • Алибиаш аз сараш монад. Акнун шумо ба ҳамон маҳал равед, шояд ягон нафар аз ин ҳодиса хабардор аст.
  • Милиса аз ин тадқиқоти мо огоҳ гардад - чӣ?
  • Кўшиш намоед, ки огоҳ нагардад. Аз пайи кор шавед!
пешина
аз 527
навбатӣ