Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

…


Тайи як соли охир бори дуюм буд, ки капитани милиса Сорбони Ҳомид бо Фирдавси Ҳаким синаи хешро ба муқобили олами ҷиноӣ якҷоя сипар намуданд. Ин кор хуб буд ё бад, касе намедонист, вале мақоли халқии "Аз ду дўсти нав дида, як дўсти кўҳна беҳтар," ҳардуро ба анҷоми неки ҳамкориҳо ҳидоят мекард.
Санҷиши пешин аз болои Маъруф Остон баҳри онҳо баробари бо ҳам дидани як пуд намак гашт. Дар прокуратура қариб дигаргуние ба чашм намерасид, дар ҳоле ки тайи ин муддат даҳҳо нафар кормандони ҷавон ба милиса ба кор омаданд. Ҳамааш бо даму дуои Асад Ғанӣ шуд. Барои камтар коре ў ба мақомоти болоӣ аз болои кормандони милиса пешниҳод ирсол мекард, вале… Сафҳои милиса бештар мешуд. Баъзан пешниҳодҳои прокурорро дида, милисаҳо ангушти ҳайрат мегазиданд.
Дар пеши даромадгоҳи прокуратура Сорбони Ҳомид бо сарназоратчии қонун рў ба рў омад. Ҳарчанд прокурор ба куҷое шитоб дошт, ўро дида лаҳзае истод.

  • Ҳа, бачаи боба, кадом шамол парронд?
  • Бо даму дуои шумо ёди ин даргоҳ намудем, - хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
  • Ин сўхтор оқибат сари моро ба бод медиҳад.
  • Сари шуморо ку не, вале сари моро мумкин.
  • Чаро сари моро нею сари шуморо?
  • Чунки касе аз болои шумо пешниҳод наменависад…
  • Эй дарвозӣ, дарвозӣ, мо дар чӣ хаёлем хаёл? - гўён Асад Ғанӣ ба тарафи мошини хизматиаш равон шуд.
    “Аҷиб, инҳо дар чӣ хаёланд ё фалакро нияти шикофтану тарҳи нав дарандохтан доранд?” - аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид вориди бинои прокуратура шуда истода. Муфаттиш бо ў гарм вохўрӣ намуда, курсиеро нишон дод ва худ низ гузашта дар рў ба рўяш нишаст. Лаҳзае дафтари кории муфаттишро хомўшӣ фаро гирифт. Эҳтимол соҳиби дафтари корӣ нигарони оғози сухани капитани милиса буд.
пешина
аз 527
навбатӣ