Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шефи мо ин субҳ шуморо ёд кард,-ниҳоят муҳри хомўширо шикаста гуфт Фирдавси Ҳаким.

  • Нек бошад?
  • Шеф дар он ақида аст, ки пеш нарафтани тафтишот бо гуноҳи онҳоест, ки бори аввал ба ҷойи ҳодиса рафта буданд.
  • Ин ягон ихтирое нест, дар милиса ҳам айнан дар чунин ақидаанд.
  • Пас чӣ бояд кард?
  • Заҳмат кашидан лозим, то хатои хешро ислоҳ намоем.
  • Лаҳзае пештар ман дар назди шеф будам. Аз прокуратураи шаҳрӣ телефон намуда, ўро ба он ҷо даъват намуданд.
  • Оид ба кадом масъала?
  • Фардо дар прокуратураи ҷумҳурӣ масъалаи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолот боздоштшуда ва ҳамчунин ҷиноятҳои вазнини дар тафтишоти мақомоти шаҳрӣ бударо баррасӣ мекунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин масъаларо имрўз дар прокуратураи шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
  • Ҳеҷ гап не, як бор сари шумою шефатонро ҳам сила намоянд.
  • Сари бандаро - ку мумкин, вале сари шефро ба гумон.
  • Аз танбеҳ тарсидан лозим нест, танбеҳ шахсро ҳушёр мекунад. Кӯр як бор асояшро гум карду афтид, дуюмбора роҳро палмосида меравад.
  • Шефи мо бошад, нисбати шумо, рафиқ капитан, ақидаи нек дорад.
  • Ақидаи мо ҳам нисбати шумою шефатон нек аст.
  • Медонед – чӣ, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро Асад Ғанӣ шуморо баъзан “бачаи боба” мегўяд?
  • Ин таърихи дуру дарозест, беҳтар мешуд, ки ба ин саволатон аз худи Асад Ғанӣ посух мегирифтед.
  • Корҳои ҷустуҷўӣ ҳоло дар кадом пояанд?
  • То кунун пешравие нест, ба таври дигар гўем, парвандаи ҷустуҷўӣ дар атрофи сўхтори кўчаи Сурхоб дар ҳолати алангагирӣ қарор дорад.
  • Шуморо нафаҳмидам?
  • Чӣ нофаҳмост?
пешина
аз 527
навбатӣ