Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамааш.
  • Дело о пожарах в большенство случаях находятся в пожарном состояние.
  • Яъне, ки умеде нест?
  • Умед дар ниҳоди инсон то нафаси охирин боқӣ мемонад ва мо низ ба анҷоми кори нек умед мебандем.
  • Дирўз банда бо ҳамсари Мустафо Наим суҳбат намудам.
  • Суҳбати расмӣ?
    -Ана, нишондодаш, метавонед шинос шавед, - гўён муфаттиш парвандаи болои мизро гирифта, аз дохили он чанд варақеро берун оварда, ба дасти капитани милиса дод.
    Сорбони Ҳомид ба протоколи пурсиши ҳамсари Мустафо Наим шинос шуда гуфт:
  • Шумо кори маро хеле осон намудед.
  • Чӣ хел?
  • Яке аз назарияҳоеро, ки бахши кофтукови ҷиноятӣ мавриди санҷиши хеш қарор додани буд, бо далелҳо рад намудед. Дурусттараш ҳамсари маҳрум бо алибиҳои раднашаванда бегуноҳии хешро собит намудааст.
  • Собит намудааст ё не, ҳанўз ба мо ҳуқуқ намедиҳад, ки дар атрофи ў дигар кор набарем.
  • Яъне, шумо ҳам ба бегуноҳии вай чандон боварӣ надоред?
  • Бо як боварии хушку холӣ мо осуда шуда наметавонем.
    Банда мехоҳам, ки шумо, рафиқ капитан, дар атрофи нишондоди ҳамсари маҳрум кор баред. Охир вай гуфтааст, ки тайи ҳамин муддат, ки шавҳараш ўро боре ҳам ёд накардааст, бо дигаре дар муносибати маҳрамона қарор доштааст.
    Ёфтани ҳамон маҳбубаи ноаён вазифаи ҷонии мост.
  • Нашуд.
  • Чаро?
  • Чунки ў далеле надорад, ҳамин хел гуфтааст ва то ҷое ман фаҳмидам, дугонааш, чӣ буд номаш?
  • Озодаи Шафоат.
  • Ҳа, Озодаи Шафоат ду - се маротиба ҷавонзанеро дар паҳлуи ў дидааст.
  • Магар ин кам аст?
пешина
аз 527
навбатӣ