Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Охир Мустафо Наим ронандаи таксӣ буд ва аз эҳтимол дур нест, ки рўзе ба таксии вай панҷ - даҳ зан менишаст. Фарз намудем, ки ҳамон ҷавонзанеро, ки дугонаи ҳамсари маҳрум ду - се маротиба дида будааст, шояд тасодуфан ба такси нишаста бошад, ё гапам нодуруст?
- Дуруст, вале як бор бо ҳамон Озодаи Шафоат вохўрданамон лозим, рафту ҳамон ҷавонзанро шиносад.
- Зид нестам.
- Ман бисёр мехостам, ки шумо, рафиқ капитан, ҳамин тарафи масъаларо ба души хеш гиред.
- Қабул, вале…
- Марҳамат, андешаҳоятонро гўед, ман шуморо гўш мекунад.
- Рафту агар Мустафо Наим маъшуқае ҳам дошта бошад, ба гумон аст, ки вай қасди ҷони ошиқи хеш намояд, ба чунин як ҷинояти вазнин ҳеҷ кас бе асос даст намезанад.
- Ҳоло барои хулосабарорӣ вақт ҳаст. Дар ин ҷода ҳама гуна шитобкорӣ ба рафти кор зиён оварданаш мумкин, вале мо бояд ҳамаи тарафҳое, ки ба он сўхтори зормонда алоқамандӣ дорад, санҷида бароем.
- Хуб шудааст. Акнун суроғаи вай..., кӣ буд?
- Озодаи Шафоат.
- Ҳа, Озодаи Шафоатро ба ман медодед.
Фирдавси Ҳаким дар коғазе суроғаи манзили зист ва ҷойи кори Озодаи Шафоатро навишта, ба дасти ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дод.
Сорбони Ҳомид баъди бист дақиқаи рў ба рў омадан бо сарназоратчии қонун бо Фирдавси Ҳаким худоҳофизӣ намуд…
Ташриф ба прокуратура дарди ўро паст накард. Гумон дошт рози дили хеш ифшо намуда, худро сабуктар ҳис мекунад, вале ҳамааш баръакс шуд - аз бад бадтар. Ҳатто ба муфаттиш он асрори ниҳони аз забони Озода шунидаро ҳам гуфт. Дар ин бора ў моҳе пештар аз забони Озода шунида буд, вале… Ҳамаи суханони дугонаашро шӯхӣ пиндошт.
Гумон кард, ки Озода баҳри ба назди шавҳар баргардонидани вай афсонаи ишқи дигареро бофта баровардааст. Ғурураш баландӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор