Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ба хабар аз паси панҷа нигарист. То ба прокуратура рафтан дар ин бора фикре ҳам надошт.
Ҳамаашро сабаб он шуд, ки муфаттиш дар як суҳбати начандон тўлонӣ тамоми асрори дар замири вай бударо рўйи об баровард. Ваъда дод, ки бо Озода дар ҳамин бора суҳбат мекунад. Рафту Озода гўяд, ки ман шӯхӣ намуда будам, дар он сурат вай аз ман домангир хоҳад шуд. Албатта, мегуфтагист, ки ҳамаи ин афсонаи зеборо ман баҳри ба назди Мустафо баргардонидани худат бофта бароварда будам, вале афсўс ки чунин як хабари оташангез ҳам дили сарди туро гарм накард. Ҳа, албатта, ҳамин хел хоҳад гуфт. Аз рўзи ҷаноза то кунун муносибати пайвандонам ҳам бо ман сард шудааст, ҳарчанд онҳо медонанд, ки дар марги Мустафо банда гунаҳкор нестам. То рўзе Мустафо зинда буд, касе дар ин хонадон нисбат ба банда сухани баланде нагуфт, дирўз бошад, ў бо гўши хеш суҳбати зани бародарашро бо ҳамсоя шунид.
- Акнун ў ва сағирааш ҳам сарбории мо шудаанд.
Ҳарчанд ў номи хешро нашунид, вале нағз дарк намуд, ки сухан дар бораи кист. То дирўз ҳама ба даҳон об гирифта буданд. Рафту ҳамин суханони янгаашро моҳе пештар мешунид, ғурури хешро ҳамоно пеши по зада, ба назди шавҳар бармегашт. Чаро акнун ҳама ҷомаро чаппа пўшидаанд, ё ҳама ҳамин лаҳзаро интизор буданд?
-Худораҳматӣ бибам мегуфт, ки дар сояи камол82 бошу дар хонаи дўст не. Дигар ман ба куҷо ҳам меравам, модоме ки ба оқибати кори хеш андеша накардам, худкардаро бошад давое нест…
-Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ…
Нидои замираш вуҷудашро бисўхт, мисли болои захм намак пошида бошӣ… - Худоё, тифли ман, ки ҳанўз аз даҳонаш бўи шир меояд, чӣ гуноҳ дошт?
Замоне ў шукронаи хонаи обод накард ва акнун андешаи тифлро дошт. Худ ки ношукр буд, аз номи он тифли кўчак бо
82 Камол – як навъ алафи ба ҳезум монанд, ки ширааш мавриди тиҷорат қарор гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор