Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Офаридгор роз гуфтан мехост. Шутур каҷии худ намебинад, ў бад карду ба бадии Худо гирифтор шуд.
- Ҷангу ҷанҷол оқибат ба хонавада ягон нохушӣ меорад, ба ёд овард ў насиҳатҳои валодайнашро...
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари ман хуни ҷигар шавад.
Нозу карашмаи духтарашро дида, ин байтро такрор менамуд падар…
Ин суханони қиблагоҳ дар он айёме, ки ў то кунун ба шавҳар набаромада буд, баҳраш аз афсонае беш набуданд, чунки мефаҳмид, ки падар суханони кадом як шоиреро чун ҳалқа дар гўши вай овехтанист, вале…
Омад ба сараш ҳар он чӣ падар таъкид карда буд. Ҳама чизро ҳадду андоза аст ва ў дар ин ҷода андозаро нигоҳ дошта натавонист, барои анча кор бо шавҳар низоъ намуд ва гумон дошт, ки шавҳар ҳам мисли падару модараш ба нозу карашмаи вай тоқат мекунад.
Чӣ гумони ботиле! Вай ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки чун коса лабрез гардад, сар ояд. Ниҳоди одамӣ чӣ қадар мураккаб бошад, боз ҳамон қадар нозук аст.
Одамизод на тоқати гармӣ дораду на хунукӣ. Замоне ўро хонаи ободу ҳамсари меҳрубон буд, вале ношукрӣ кард, бахташро пеши по зад ва акнун дар орзуи он рўзҳо месӯзад . - Гулноз! Ҳо Гулноз, - гуфтани модар ўро аз байни андешаҳо берун овард…
- Вай нест! Вай… нест!
- Кӣ?
- В..в..ай
- Шаф - шаф накарда шафтолу гуфта мон.
- Вай, бемор, нест.
- Кадом бемор?
- Ҳамоне, ки милиса мехост ҳамроҳаш суҳбат намояд.
- Чӣ…!?
- Ҳамон бемор дар палата нест.
- Дар куҷост?
- Надонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор