Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Бовар намекунам.
- Чиро?
- Фирор намуданашро!
- Чаро?...
- Вайро маҷбуран аз ин ҷо бурданд!
- Намедонам.
- Рафту ба вай ягон ҳодиса рух диҳад, мо сар ба саломат нахоҳем бурд. Канӣ рафтем!
Онҳо ҳарду вориди ҳуҷраи бемор шуданд. Бистари бемор тарзе буд, ки бинанда гумон мекард касе дар дохили он аст.
Маҳз ҳамин ҳолат сабаби фиреб хўрдани ҳамшираи шафқат гардида буд. Ҳарчанд ў чунин ранг гирифтани ҳодисаро инкор мекард, вале Нур Боқӣ ба чунин хулоса омад. - Акнун чӣ мешавад? - бо овози ларзон бигуфт ҳамшираи шафқат.
- Намедонам, вале мо бояд ба милиса занг занем, - гўён Нур Боқӣ аз он ҳуҷраи асрорангез бурун шуд.
Онҳо ҳарду якҷоя ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона ва саҳни онро сару бар қадам заданд, вале рози он асрори ниҳонро наёфта, ба ҳуҷраи духтурон баргаштанду Нур Боқӣ бо телефони 02 занг зад - Бало ба пасаш, - матлаби Нур Боқиро шунида гуфт милиса. Нур Боқӣ ва он ҳамшираи шафқат аз куҷо медонистанд, ки фирорӣ бо ин амали хеш кори милисаро хеле осон намуд. Рафту вай аз беморхона фирор намекард, дар фазои идораи милиса чангу ғубори зиёде меовард. Сараввал, милиса бояд нафаронеро, ки ўро ба чунин ҳол расонда буданд, меёфт. Дар сурати ариза дохил шудан милиса бояд парвандаи ҷиноӣ оғоз мекард. Оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ оқибатҳои зиёдеро ба бор меовард. Аз ҳама оқибати бадтаринаш он буд, ки дар сурати наёфтани ҷинояткорон он парванда солиёни зиёде дар гўши милиса чун ҳалқаи тавқи лаънат овезон мемонд…
- Набошад, мо чӣ кор кунем?
- Дар хизмати беморон омода бошед, - гўён мусоҳиби Нур Боқӣ гўшакро ба ҷояш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор