Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Хуш, милисаҳо чӣ мегўянд? - ниҳоят овоз рушан кард
    ҳамшираи шафқат, ки ҳанўз пушти дар чун толибаи духон рост меистод.
  • Милисаҳо аз худат хурсанд.
  • Масхара мекунед, Нур Боқиевич?
  • Чаро масхара мекардам? Худат кори эшонро хеле сабук намудӣ.
  • Аз кадом эшонро, шумо чиҳо мегўед?
  • Кори милисаҳоро.
  • Пас онҳо ба ин ҷо намеоянд?
  • Намеоянд.
  • Қасам?
  • Агар дурўғ гўям, ба замин фурў равам.
  • Ман бошам, тарсидам.
  • Аслан кори хуб нашуд ва ҳамааш бо гуноҳи ман.
  • Чаро бо гуноҳи шумо?
  • Чунки шуморо ба ҷоятон шинонда натавонистам.
  • Яъне, ки милиса меояд, шуморо дуруст фаҳмидам.
  • Милиса - ку намеояд, вале рафту ба пойи вай бемор хоре
    халад, ҳама баҳри гунаҳкор намудани мо дасту остин бар хоҳанд зад.
  • Ба вай хатар таҳдид мекард?
  • Агар чунин намебуд, вай фирор мекард?
  • Рафту вай худаш ҷинояткор бошад - чӣ?
  • Чӣ, ҷинояткор?!
  • Бале.
  • Гумон доред, ки ў аз милиса фирор кард?
  • Намедонам, ў фирор кард, ё ўро ёру дўстонаш дуздида бурданд.
  • Не, ин ҳеҷ мумкин нест.
  • Чаро?
  • Чунки агар ў ҷинояткор мешуд, вайро ба беморхона намеоварданд.
  • Ўро ронандаи таксие аз паҳлуи роҳи автомобилгард
    гирифта ба ин ҷо овард. Дар ҳолати беҳушӣ буд.
  • Пас чаро гурехт?
  • Намедонам.
пешина
аз 527
навбатӣ