Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Хайр, бало ба пасаш. Агар милиса дар бораи гунаҳкории вай ягон далеле медошт, ба хабари банда бепарво ҷавоб намедод.
  • Ба ростӣ, ҳеҷ мақсади фирори он беморро нафаҳмидам.
  • Ҳаминаш беҳтар аст. Модоме ки худи милиса парвои вайро надорад, мо ҳам аз ў безор. Рафт рафтан гирад. Хас каму ҷаҳон пок…
    Ҳамшираи шафқат рухсат пурсида баромада рафт. Нур Боқӣ бошад, боз дар ҳуҷраи духтурон танҳо монд. Танҳо байни чор девори бетонӣ. Танҳо бо андешаҳои хеш, ба ёди он бемори фирорӣ…
    Тайи солҳои дар беморхона кор кардан Нур Боқӣ чунин ҳодисаро, ки беморе аз беморхона фирор карда бошад дар ёд надошт. Аз он чӣ ки бемор баъди соатҳои даҳи шаб фирор намуда буд, ў шубҳае надошт, чунки худаш шаби гузашта як маротиба баъди шом ва маротибаи дуюм баъди соати даҳ ҳамаи ҳуҷраҳои беморхонаро хабар гирифт. Бемор ҳамон вақт ором мехобид. Дувоздаҳ - сенздаҳ соати дар беморхона будан ў беҳуш буд ва шабона ҳамин марди бе ҳушу ёд аз беморхона фирор кард.
  • Чаро? Бо кадом мақсад? Чӣ сабаб шуд?
    Нур Боқӣ ба саволҳои хеш ҷавоб наёфт. Бемор чӣ кас буд, ў намедонад ва эҳтимол ҳаргиз аз асрори вай огоҳ нахоҳад шуд. Хуб шуд, ки ў ба милиса занг зад. Акнун милиса медонаду виҷдонаш…

Хушдил Одил бо азобе рўйи роҳ баромад. Посе аз шаб гузашта буд ва ҳаракати нақлиёт ба чашм намерасид. Аъзои баданаш аз дард месўхт, аммо лаб зери дандон гирифта тоқат мекард. Муҳим он буд, ки пойҳояш аз итоаташ набаромада буданд, дастонаш ҳам. Ў дар либоси беморхона буд. Маҳз ҳамин ҳолат метавонист таваҷҷуҳи мардуми роҳгузарро дар рўз зиёд гардонад, вале дар ин поси шаб…
Хушдил Одил ба анҷоми неки ҳаракатҳои хеш умед мебаст. Модоме ки ў аз саҳни беморхона бе ягон душворӣ баромад, анҷоми кораш ҳам хуб аст. Аммо дар роҳи калон ягон мошине ба чашм намерасид, вале худи ў боварӣ дошт, ки ин ҳама хомўшӣ муваққатист. Ба бахти вай шаб дар нисбати шаби гузашта гармтар буд.

пешина
аз 527
навбатӣ