Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳаво гулро сармо намезанад.
-Рафту агар аз ин ҷо фирор намекардам, фардо милиса маро ором намегузошт, ба замми ин он, дипломати зормондаро ёфтан лозим. Дар беморхона истодан маъние надорад. Муҳимаш, ки ҳарчи тезтар ба хона равам ва дар муҳити беҳтаре сари ин масъала андеша намоям.
Дишаб, вақте, ки ўро ба ҳузури Дороб Қамар бурданд, тавонист бо ишора ҳамсарашро огоҳ намояд, ки эҳтимол якду рўз омада натавонад. Ҳамсар ҳам ўро фаҳмид. Охир ин бори аввал набуд, ки вай аз пайи иҷрои кор ҳафтаҳо овора шуда, ба хона барнамегашт…
Хушдил Одил ба ёд овард, ки нафси ҳамсараш ҳам бад нест. Агар дар вақташ ҳамсараш Раъно вайро ба ин роҳ тела намедод, имшаб бо либоси беморхона ў сари роҳ рост намеистод. Дар замони нобасомониҳои кишвар хешу ақрабои Раъно симои хешро нишон доданду ҳама силоҳбадаст гаштанд. Онҳое, ки дар замони империяи бузург қариб нони хўрдан надоштанд, бо шарофати Калашников пуф - пуфи одами хокӣ мегуфтанд. Рост гуфтанд, ки Худо ба бедаст даст ва ба калбуз шох надиҳад… Хешу ақрабои Раъноро дар он замон шинохта намешуд, ҳамаашон ба сина зада "ман"
мегуфтанд. Чунки Калашников ёру бародарашон буд…
Аз дур рӯшноии мошине намудор шуд. Хушдил Одил қадаме ба тарафи роҳ пештар ниҳода даст бардошт.
Ронанда дар рў ба рўяш истод.

  • То кўчаи Баҳор.
    Ҳарчанд самти ҳаракати мошин ба дигар тараф будаст, вале ронанда вазъи бади вайро пай бурд, ки дарро кушод ва баъди ба мошин нишастани вай самти ҳаракаташро дар кўчаи беодам саду ҳаштод дараҷа тағйир дода, ба самти то кунун меомадаи хеш ҳаракат кард. Чун мошин дар самти ҳаракати хеш рост шуд, ронанда сабаби дар либоси беморхона будани ўро пурсон шуд.
    Хушдил Одил афсонаи пешакӣ дар дил бофта баровардаашро нақл кард. Гўё модар дар дами марг асту ўро дидан мехостааст ва акнун ў бояд ба хона раваду сипас ба ноҳияи Бўстон.
пешина
аз 527
навбатӣ