Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Қарзи фарзандӣ ҳамин аст, - гўён ронанда ўро дар пеши дари манзилаш фароварда, ҳатто музд талаб накард.
Шаб бо тамоми ҳастиаш ҳукмфармо буд. Хушдил Одил дар як нигоҳ аз қафои он мошини зебои "Волво" нигариста, сипас ба тарафи даромадгоҳ ҳаракат намуд. Хонааш дар қабати якуми бинои нуҳошёна буд. Баъди лаҳзае пушти дар қарор гирифтан тугмачаи зангро ду маротиба оҳиста - оҳиста зер кард.
Дарро ба рўяш ҳамсараш кушода, ўро дар либоси беморхона дида гуфт: - Вой ман мурам, ба ту чӣ шуд?
Хушдил Одил ба саволи ҳамсар посух нагуфта, вориди хона шуду рост ба тарафи ошхона рафт. Охир як шабонарўз бурдаи ноне ба даҳон набурда буд, аз гуруснагӣ дилаш гум мезад. Раъно вазъи вайро фаҳмида, чойҷӯшро болои газ монд ва ба курсие дар рў ба рўйи шавҳар нишаста, саволи лаҳзае пеш додаашро такрор кард.
Ҳар он чи ки зан аз забони шавҳар шунид, ба ақл рост намеомад, вале чун кайҳо ҳаракатҳои ғайриқонунии шавҳарро медонист, ба даҳон об гирифта, сари андеша рафт.
Ба сари оилаи онҳо он чӣ омад, ки бояд меомад…
Ба ҳама гуруснагии хеш нигоҳ накарда Хушдил Одил ба ҷуз буридаи ноне ва як ду қулт чой дигар чизе ба даҳон бурда натавонист. Гумон дошт, ки аз гуруснагӣ ҷон ба саломат нахоҳад бурд, вале чун сари дастархон нишаст, иштиҳояш баста шуд. Таъби Раъно ҳам баъди шунидани саргузашти шавҳар бад шуд, вале худро ба даст гирифт. - Ана ҳамин хел, агар он дипломати сиёҳро наёбем, намедонем чӣ рўзе ба сарамон меояд.
- Охир ту ба онҳо нафаҳмондӣ, ки вай роҳ аст ва аҷаб не кадом як роҳгузаре он манзараро дида ба ёрӣ шитофтаасту баъди ёфтани дипломат аз расонидани ёрӣ ҳам фаромўш намуда дипломатро гирифта думро хода намудааст.
- Чӣ, гумон дорӣ ман нагуфтам?
- Аз куҷо донам.
- Гуфтам, вале ҳамаи ин баробари ба гўши хар азон хондан буду бас.
- Наход онҳо ҳамин чизи оддиро нафаҳманд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор