Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Нафаҳмиданд, мефаҳмӣ, нафаҳмиданд.
- Аёнро чӣ ҳоҷат ба баён.
- Акнун чӣ кор мекунем?
- Намедонам.
- Туро нашинохта истодаам.
- Фарҳоду Иброҳимро дар назар дорӣ?
- Албатта.
- Гардиши айём онҳоро ҳам хор кард.
- Моро танҳо ду роҳ аст.
- Чӣ хел ду роҳ?
- Ё мо онҳоро ё онҳо моро? - нарангушташро чун теғ аз зери гулӯяш гузаронида гуфт вай.
- Мехоҳӣ дар ин кор аз Фарҳод ва Иброҳим истифода барӣ?
- Худат медонӣ, онҳо дар ин кор мутахассис.
- Айёми онҳо гузашт. Бечора додараконам нав фаҳмиданд, ки дўст кисту душман кӣ…
- Мо - ку душмани онҳо нестем, ё гапам нодуруст?
-Ҳаминаш ҳам намерасид, ки мо ҳам душмани онҳо шавем. Дар сояи онҳо мо магар кам давлат рондем, ё дурўғ мегўям? - Давлат - ку рондем, вале ана оқибаташ, - ба сару рўйи аз зарби шаттаю лагад сиёҳгаштаи хеш ишора карда гуфт шавҳар.
- Аҷаб гапҳо мезанӣ. То замоне, ки Фарҳоду Иброҳим қумандони кулли ин маҳал буданд, касе пишаки моро пишт гуфта наметавонист, ё гапам нодуруст?
- Дуруст.
- Боз чӣ мехоҳӣ?
- Мехоҳам, ки ту рафта вазъияти ба амал омадаро ба онҳо фаҳмонида диҳӣ?
- Не, наметавонам.
- Аҷиб.
- Гўш кун Хушдил, ҳамаи он нафароне, ки тайи қариб як даҳсола хушомадгўи Фарҳоду Иброҳим буданд, акнун гиребонгирашон гаштаанд.
- Дунё ҳамин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор