Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Афсўс ки додарони ман дар вақташ ҳамин чизро нафаҳмиданд.
- Муште, ки баъди ҷанг ба ёдат меояд…
- Ҳеҷ аз ҳамин киноягўият намондӣ, ки намондӣ?
- Гуфтам - ку, моро ду роҳ аст ва ҳардуяшро ҳам як ҳарф мепайвандад.
- "Ё", "Ё" ҳамин хел.
- Акнун раву андеша намо, - гўён шавҳар аз ҷой бархеста вориди хонаи хоб шуд…
Вохўрии ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бо Озодаи Шафоат ҳам қариб бе натиҷа анҷомид. Ҳар он чӣ Озода гуфт, бе ягон обу ранг гуфт. Боқимонда ҳамааш ба худи тафтишот вобастагӣ дошт. Озодаи Шафоат ҳатто суханони хешро инкор накард. Гуфт, ки ҳамсари Гулнозро ду - се маротиба бо ҷавонзани тақрибан бисту панҷ - бисту ҳаштсолае дидааст, вале нагуфтааст, ки ҷавонзан бо Мустафо Наим дар муносибати маҳрамона қарор дорад. Дугонаашро огоҳ намудааст, ки аз бепарвоии вай муҳаббат ҳам мемирад.
Сорбони Ҳомид ба дурустии суханони Озода бовар намуд ва ба хулосае омад, ки ҳамсари Мустафо Наим дар нишондоди ба муфаттиши прокуратура додааш обу ранги аҷибе додааст. Аз ҷумла дар муносибати маҳрамона қарор доштани он ҷавонзан бо Мустафо. Ин бофтаи тахаюлоти худи Гулноз буд.
Баъди суҳбат бо Озода ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба дасташ даъватномае дод, ки дар асоси он бояд рўзи дигараш ӯ ба милиса ташриф меовард. Ҷавонзан даъватномаро гирифта, изҳор намуд, ки ба гумон аст ба нишондоди ҳозирааш чизеро илова карда тавонад.
- Мақсади ба милиса даъват намудани шумо тамоман дигар аст.
- Нафаҳмидам, - бо тааҷҷуб гуфт Озодаи Шафоат.
- Мо мехоҳем аз рўйи ҳамин нишондодатон фотороботи он занро тарҳрезӣ намоем. Аминам, ки шумо моро дастгирӣ мекунед?
- Албатта, вале чунин амал ҳам ягон натиҷа медиҳад?
- Ба анҷоми неки кор умед мебандем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор