Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Модоме ки шумо анҷоми неки корро умедворед, банда фардо дар вақти таъиншуда ба милиса меоям, - гўён ҷавонзан бо Сорбони Ҳомид худоҳофизӣ намуд.
Сорбони Ҳомид ҳам аз бинои корхонаи "Нафиса", ки Озода дар он ҷо кор мекард, берун баромад. Аз телефони сари роҳ ба милиса занг зад. - Рафиқ капитан, тезтар ба идора биёед, - шунид овози ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Мўсоевро.
- Тинҷӣ ҳаст?
- Ҳа, тинҷӣ, Тоҳир Додобоевич хоҳиш намуд…
- Фаҳмо.
Чун вориди бинои милиса гашт, Мўсоев хабар дод, ки Тоҳир Додобоев дар ҳузури сардори ШКД аст. - Аз назди сардор баромад, гӯед, банда кориям, - гўён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба ошёнаи дуюм рафт. Ба курсии мулоим такя намуда, бори дигар натиҷаи суҳбати хешро бо Озодаи Шафоат болои тарозуи ақл гузошт. Палаҳои тарозу, ки болои яке саволҳои эшон ва болои дигаре посухҳои Озодаи Шафоат гузошта шуда буданд, қариб ки баробар омаданд. Чунин ҳолат бад буд ё нек ў нафаҳмид. Аз он ки Озода ду-се маротиба он ҷавонзанро ҳамроҳи маҳрум дидааст, тафтишот вайро бад гуфта наметавонист, вале тафтишот ба суҳбати он зан ниёз дошт.
Он суҳбати одӣ нахоҳад буд.
“Палангро нокушта пуст кандед,” - нидо омад аз қалбаш.
Вай ба нидои қалби хеш посух гуфта натавонист.
“Бубин ба эҳсосот дода шудам, ки ин боиси ҷаҳиши андешаҳоям гашт. Не, ин хел шуданаш мумкин нест. Эҳсосот мувозинатро гум мекунад. Оҳу дар биёбону порае аз гўшташро баҳри сихкабоб гирифтем… Ё тавба…
Сараввал шахсияти он ҷавонзанро муайян намудан лозим, сипас ўро ба милиса оварданамон даркор. Танҳо баъди ин мо ҳуқуқи аз кадом тараф ба вай нигоҳ намуданро пайдо мекунем, ҳоло бошад… - Ба умеди дунбаи нася шуда, аз шуши нақд намонем,” - гўён ў коғази чанд рўз боз дар ҷайбаш мондаро ба ёд оварда, даст ба бағалкисааш бурду онро болои мизи кориаш тахт намуда, сари назарияҳои овардаи хеш дуюмбора ба андеша рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор