Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар асоси ҳолатҳои нав ба тафтишот маълумгашта мебоист шахсияти он зане, ки акнун чун оҳу аз паси қулла ҷамоли хешро ба сайёд нишон додаю пас гашта бо назарияҳои болои варақ муқоиса мекард.
Аз рўйи ҳафт назарияи болои варақҳо дар се ҳолат, не дурусттараш дар чор ҳолат, аз рўйи бандҳои "в"- куштор ба мақсади пинҳон намудани ҷинояте, ки марҳум тасодуфан аз он огоҳ гаштааст; "г"- куштор ба мақсади барнагардонидани қарз; "ё"- куштор ба мақсади шахсро аз ҳисса маҳрум намудан; "ж"- дигар сабабҳо ў пайвастагиеро дид. Дар сурати дастгир ва истинтоқ намудани ҷавонзане, ки бояд дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат аксаш тарҳрезӣ мешуд, ҳар яке аз ҳамин назарияҳои дар зерашон бо қалами сиёҳ ду хатти рост кашидаро санҷидан лозим меомад…
Сайёдро лозим буд, ки ҳарчи тезтар худро то ба рўйи қулла расонад ва тарафи муқобили қулларо дурусттар мавриди таҳқиқи хеш қарор диҳад. Фаҳмад, ки паси он қуллаи баланд ба ҷуз он оҳубараи зебо, ки боиси сарсонию саргардонии эшон гаштааст, боз чӣ ҷонвароне болои майсазорон дар ҷастухезанд. Аҷаб не, ки ҳамон оҳубараи зебо сайёдро бо паланг рў ба рў накунад…
Дар кушода шуду сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев вориди дафтари кории Сорбони Ҳомид гашт.

  • Хайрият омадед, - аз дар даромада истода гуфт Додобоев.
  • Сержанти милиса Мўсоев амри шуморо тариқи телефон ба мо гўшрас намуду ҳама корро монда…
  • Ин амри ман ҳам набуд.
  • Чӣ хел?
  • Банда ҳамчун миёнрав амри болоро ба гўши сержант Мўсоев расонидам.
  • Аҷиб.
  • Чӣ аҷиб?
  • Он чи ки Шумо чун миёнрав амал намудаед.
пешина
аз 527
навбатӣ