Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ман худам имконияти бо Шумо алоқа намуданро наёфтам.
  • Ҳа, ин субҳ телефони дастиро ман дар хона фаромўш намудам.
  • Телефони дастиатонро фаромўш намудеду бандаро ба миёнравӣ гунаҳкор карданӣ мешавед.
  • Хафа нашавед. Беҳтараш гап занед, ки чӣ ҳодиса рух додааст?
  • Ба пӯстини шеф кайк даромадааст.
  • Кайк?
  • Ҳа, кайк.
  • Ба пӯстини Ҳамид Ҷовид?
  • Ҳа.
  • Шояд шунавем, ки асли воқеа дар чист?
  • Фардо дар прокуратураи ҷумҳурӣ маҷлиси ҳайати мушовара аст.
  • Инро ман медонам.
  • Аз куҷо?
  • Аз ба майдони набард рафтани Асад Ғанӣ.
  • Ў худаш гуфт?
  • Ман он касро дар пеши прокуратура дидам, гуфт ки аз рўйи ҳамон сўхтор оқибат сарашро аз даст хоҳад дод ва ба мошини хизматиаш нишаста, ба майдони набард рафт. Сипас, аз забони Фирдавси Ҳаким фаҳмидам, ки ў ба прокуратураи шаҳрӣ рафтааст.
  • Кадом масъалаҳоро мебинанд, нагуфт?
  • Гуфт, вале нагуфт, ки аз дигар мақомотҳо ҳам ба он ҷаласа намоянда даъват мекунанд.
  • Соате пештар дар ин бора аз раёсати шаҳрӣ хабар доданд. Акнун тайёриатро бин. Шумо ва Ҳамид Ҷовид ба он ҷаласаи бошукўҳ махсус даъват шудаед.
  • Чаро муовинон ё сардорони бахш нею ман?
  • Чунки ин масъала дар раёсати шаҳрӣ муҳокима шудааст ва дар телефонограмма ному насаби шумо сабт аст. Рафта ба он шинос шуда имзои муборакатонро гузоред.
  • Барои ҳамин ҳам бандаро ҷеғ задед.
пешина
аз 527
навбатӣ