Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чӣ хеле гуфтам, ин амри боло. Ба замми ин, Шумо ба телефонограмма шинос шуда, баҳри набарди дарпешистода тайёриатонро бинед…
    Гар дар ҳама даҳр як сари нештар аст, Дар пойи касе халид, ки дарвештар аст.
  • Дарвеш ин шумо?
  • Бале, вагарна як ваколатдори одиро чӣ иртиботест бо ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи генералӣ?
  • Ба ҷанг танҳо родмардон мераванд…
  • Фаҳмо.
  • Аз пайи кор шавед, - гуён Тоҳир Додобоев аз дафтари кории капитани милиса баромад.
    Сорбони Ҳомид боз байни чор девор танҳо монд.
    Албатта, аз ҷаласаи дар пеш истода ўро биме ҳам набуд, вале баҳри дар хиҷолат намондани хеш парвандаҳои ҷустуҷўии дар истеҳсолот будаашро як маротибаи дигар бояд варақ мезад. Аз ин рў, ў ба омўзиши парвандаҳои дар истеҳсолоташ буда сар кард. Баъзе қайдҳо намуда, роҳҳои бартараф намудани камбудиҳоро аз рўйи ҳар як парвандаи ҷустуҷўӣ сабт намуд. Ҳарчанд дар ҷаласа аз рўйи нақша танҳо ҷиноятҳои вазнинро мавриди баррасӣ қарор дода буданд, вале капитани милиса ҳамаи парвандаҳоро варақгардон намуд ва таносуби онҳоро доир ба ҳамин давраи соли гузашта ҳисоб карда баромад. Афсўс хўрд, ки оид ба сўхтори дар кўчаи Сурхоб рухдода, ки боиси марги Мустафо Наим гардидааст, то кунун ягон нўги гиреҳеро ба даст наовардааст ва дар ҳамин лаҳза фикре ба сараш омаду онро қайд намуд…

Кам ҳодисаҳое ҳастанд, ки аз мадди назари милиса дур
монанд. Дер ё зуд рафту он ҳодиса дар сатҳи баланд тарҳрезӣ
нашуда бошад ҳам, хабараш ба гўши ҳомиёни қонун хоҳад
расид. Дар аксари ҳолатҳо милиса аз рўйи ҳолатҳои
ошкоршуда баҳри дарёфти ҳақиқат дасту остин бармезанад,
вале боз, мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки ба хабар аз паси
панҷа нигаристан лозим меояд, чунки ба таври ростхата ҳам
набошад ғайримустақим худи милиса аз рўйи хунукназарӣ ба
вазифаи хеш ба чунин ҳолат мусоидат намуда, ки ҳама гуна ҳаракат боиси ба гирдоб афтиданаш мегардад.

пешина
аз 527
навбатӣ