Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Танҳо як ҳолат садди роҳи кори милиса намешавад, ин ҳам бошад, пешгирии ҷинояткорӣ ва хусусан пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон.
Хабари аз хона фирор намудани хонандаи синфи чоруми мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Файзбор Қодири Ашўр танҳо баъди як ҳафтаи бозгашташ аз кўҳу камар ба гўши ваколатдори фаврии ҷустуҷўӣ оид ба корҳои ноболиғони ШКД-и ноҳия капитани милиса Муртазо Дўст расид. Чун хабар характери таъҷилӣ дошт, Муртазо Дўст ҳам сараввал тариқи дигар манбаъҳо ба санҷиши он камари ҳиммат баст ва ба хулосае омад, ки дар ҳаракатҳои ноболиғ Қодири Ашўр ягон ғуборе, ки боиси вайрон намудани фазои милиса гардад, набудааст. Капитани милиса муайян намуд, ки муддати ду ҳафтаи аз хона фирор намудан ноболиғ дар куҷо будааст.
Баъди бозгашт худи ҳамон рўз падараш вайро ба мактаб бурдаст ва акнун ў ҳамарўза ба дарс меравад. Ба қавле баҳри изтироби милиса ягон асосе нест.
- Қодир!
- Лаббай.
- Ана, вай амак туро мепурсад.
- Кадом амак?
- Ана, вай амаки милиса.
Қодир, ки баъди анҷоми дарс нияти ба хона рафтан дошт, аз шунидани ин хабар дилаш ҳазин гашт, вале худро ба даст гирифта, ба ҳамон самте, ки ҷўрааш Беҳрўз нишон дод, нигаристу дилаш каме осуда шуд, чунки ў ҳамон марди дар либоси низомӣ бударо чанд маротиба дар мактаб дида, ки бо хонандагони мактаб дар мавзуи ахлоқу одоб суҳбат намуда буд. - Ў чӣ мехоста бошад?
- Намедонам, - гуфт Беҳрўз.
Қодир лаҳзае дар фикр монда, сипас ба самти дигари роҳ, ба тарафи ҳамон милиса, ки ному насабашро ҳам намедонист, ҳаракат кард. Чӣ тавр ба назди милиса расиданашро нафаҳмид, вале салом доданро фаромўш накард. - Салом, - ба саломи вай посух дод милиса.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор