Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Гап занед, ман гўш карда истодаам.
- Хеле роҳ паймудам, вале ҳеҷ рўз нашуд…
- Баъд чӣ шуд, баъд?
- Дар наздикиҳои кўҳи Дударгӣ аз қафоям мошине омад, айнан чун ҳамин мошини шумо. Ман даст бардоштам, гумон кардам, ки дилаш месўзаду меистад, вале гумонам хато баромад.
- Наистод, ҳамин хел?
- Ҳа.
- Пас чӣ шуд?
- Чун мошин аз гардиш тоб хӯрд, ман садои пурвоҳимаро шунидам, садои лағжиши кўҳро. Баъди чанд лаҳза ман ба он гардиш расидам ва дар сари гардиш таксиеро дидам. Нигоҳ кунам аз қисми поёни дара як марду як зан боло баромада истодаанд. Дар дасташон як дипломати сиёҳ.
- Онҳо туро диданд?
- Не.
- Чӣ хел?
- Ман паси харсанге пинҳон шудам.
- Он марду зан чандсола буданд?
- Намедонам, вале чун муаллимаи мо буд он зан.
- Мисли кадом муаллима.
- Мисли Собирова.
- Мард чӣ?
- Ў ҳам мисли шумо, вале ҷавонтар.
- Онҳо куҷо рафтанд?
- Ба тарафи шаҳр.
- Рақами мошинро дидӣ?
- Не, рақами мошин дар зери лою хок буд, вале нишонаи таксӣ дошт.
- Таксӣ буданашро аз куҷо фаҳмидӣ?
- Ду сол пеш ҳамроҳи модарам, - нафас дар гулўи писарбача дармонд.
- Шуд, шуд тақдир ҳамин будааст, - ўро ором карданӣ шуд Муртазо Дўст.
Капитани милиса ба саргузашти писарбача шинос буд ва акнун ў ҳодисаи ба зери сангчарх мондани "Жигули"-и Сайёд Ватанро пеши назар овард. Ҳар он чӣ ки писарбача гуфта истодааст, хайёлӣ набуда, асли воқеа аст, вале то ҷойе, ки ӯ хабар дорад, аз он мошин ягон дипломат ҳам наёфтаанд, дар бораи гум шудани дипломат ҳам касе ба милиса арз накардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор