Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

“Ҳамин суҳбати яклаҳзаинаи сарироҳӣ метавонад дар асрори марги Сайёд Ватан рӯшанӣ андозад,” - аз дил гузаронд капитани милиса Муртазо Дўст ва писарбачаро ба давом додани суҳбаташ ҳидоят намуд.
- Ту аслан ҳодисаро нағз дар хотир доштаӣ, боз мегўӣ ки чизеро надидам.
- Охир ман паси харсанг пинҳон шудам, - каме осуда шуда гуфт Қодири Ашўр.
- Гўш кун, Қодирҷон, - бори аввали номи писарбачаро ба забон оварда ба тарафи вай нигарист Муртазо Дўст.
- Гўш мекунам.
- Аз куҷо фаҳмидӣ, ки мошини дар зери сангчарх монда, ин ҳамон мошинест, ки худат даст бардоштию вай наистод?
- Ҳарчанд ман аз гардиши кўҳи Дударгӣ хеле дур будам, вале самти ҳаракати мошинро аз рўйи чароғҳои фурўзонаш муайян намудан душвор набуд. Чун ҳамон мошини аз паҳлуи ман гузашта аз гардиши кўҳ тоб хўрд, ман аз ҳамон самт омадани рӯшноии дигареро дидам. Сипас, садои баланди лағжиши кўҳро шунидам. Ман суръати ҳаракатамро тезтар намудам ва баъди даҳ дақиқа ба сари гардиш расидам. Он ҷо таксие меистод. Дар дохилаш касе набуд. Сипас боз каме пештар рафтам ва аниқ боварӣ ҳосил намудам, ки аз роҳи автомобилгард нишоне намонда... Чун ба лаби ҷар рафтаму ба поён нигаристам, дидам, ки як марду як зан дипломати сиёҳе дар даст аз қадова ба самти роҳ мебаромаданд. Ман ҳатто он мошинро дар қадова дидам ва хостам ба ёрии ронанда шитобам, вале аз чӣ бошад, ки бараъкс рафтор намудам ва ба тарафи муқобили роҳ гузашта, паси харсанги калоне худро пинҳон намудам. Танҳо баъди рафтани таксӣ ман рўйи роҳ баромадам ва ба тарафи қафо баргашта, аз пайроҳаи борике ба болои кўҳ баромадам.
- Қодирҷон, гўед, ки дар торикӣ худат чӣ хел он дипломати сиёҳро дидӣ?
- Ба фикрам, Шумо ба ман бовар намекунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор