Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман ба шумо бовар кардам, вале ҳар кор роҳу равиши хешро дорад, махсусан кор дар милиса дақиқиятро мехоҳад.
  • Чӣ хеле гуфтам, ман баъди даҳ - понздаҳ ё шояд зиёдтар ба сари гардиш омадам. Чун ба он ҷо омадам, аллакай рўз шуд. Субҳ дамида буд, ки бе чароғ ҳам ҳама чизро баръало дидан мумкин буд.
  • Дар ин бора ба ягон кас сухан нагуфтӣ?
  • Не.
  • Бисёр хуб. Чун он ду нафар худатро надиданд, боз беҳтар. Рафту онҳоро бинӣ мешиносиашон?
  • Намедонам.
  • О, гуфтӣ вай зан дар синну сол чун муаллимаатон Собирова…
  • Ҳа, гуфтам, вале ўро шинохта метавонам ё не, намедонам.
    Муртазо Дўст Қодирро то пеши ҳавлиашон овард…

Раъно суханони шавҳарро ба сад обу ранги тоза ба гўши бародаронаш расонду аз онҳо ёрӣ хост, вале бенатиҷа. Хоҳар аз хонаи умеди хеш - хонаи падар ноумед баргашт.
"Спасение утопающих дело рук самих утопающих"
гуфтани бародараш Фарҳод тамоми роҳ дар гўшаш садо доду садо. Аслан ин суханонро Фарҳод ба Иброҳим гуфт, чунки Иброҳим мехост сухани хоҳарро ба замин нагузорад, вале Фарҳод дар як сухан додарашро мулзам кард.
Мулзам кардани бародар ин ҳанўз як тарафи масъала буд.
Бо ҳамин як сухан бародари калонӣ ба хоҳараш возеҳу равшан фаҳмонда дод, ки на ў ва на шавҳараш дигар ба умеди онҳо нашаванд.
“Чаро?

  • Чунки замона дигар гашт,” - шунид ҷавонзан нидои қалбашро.
  • Тарсуҳои лаънатӣ, - зери лаб гуфт Раъно.
  • Аслан ба он ҷо рафтан лозим набуд.
  • Ба куҷо?
  • Ба хонаи падар.
  • Охир он хонаи умеди ман аст.
  • Дурусттар андеша намо!
пешина
аз 527
навбатӣ