Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Андешаи чӣ?
  • Охир бародаронатро ба доми бало андохтан чӣ лозим?
  • Магар инро ба вай фаҳмонда мешавад.
  • Ба кӣ?
  • Ба кӣ, ба кӣ? Ба ҳамон мардаки беақли ман.
  • Фаҳмонданро тавонистан лозим.
  • Истгоҳи маҳалаи сию сеюм, - гуфтани ронанда ўро аз муколамаи хеш бо қалбаш раҳо сохт ва аз автобус фаромад…
    Сари роҳ ба дорухона даромада, баҳри ёри дилозораш баъзе дорую малҳамҳо гирифта, сипас ба тарафи хонааш равон шуд.
  • Омадӣ?
  • Ҳа.
  • Онҳоро дидӣ?
  • Бале.
  • Мо ба онҳо умед баста метавонем?
  • Не.
  • Ҳар касро Худо аз худаш намонад.
  • Дишаб ман ба худат гуфтам, ки…
  • Чаро суханатро буридӣ.
  • Чӣ гўям, ки шаби гузашта ба суханони ман бовар накардӣ.
  • Ман гумон кардам акаҳоят аққалан фикри туро мекунанд.
  • Гумонҳои ботил. Онҳо танҳо дар фикри хешу хонаводаи хешанд. Дар рўзи сахтӣ ҳардуяшон ҳам баробари як пули пучак қимате надоранд.
  • Ҳамаи бадбахтиҳои хонадони мо аз дасти он ду худозада аст.
  • Ин хел нагў.
  • Баъди ин боз ҳимояашон ҳам мекунӣ?
  • Онҳо фарзандони падари мананд ва хоҳиш мекунам, ки дар гуфтор нисбаташон андоза нигоҳ дор.
  • Баъди оне ки суханатро ба як пули пучак нахаридаанд?
  • Ҳар кас бояд аробаи худашро кашад, мефаҳмӣ?
  • Ин суханонро бародаронат гуфтанд.
  • Не.
пешина
аз 527
навбатӣ