Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Пас онҳо чӣ хел фикри туро, ки ҳамеша тоҷи сарат медонистанд, рад карданд.
    “Ҳамон масали овардаи акаат Фарҳодро ба гўши шавҳарат расон, баъд худаш мефаҳмад,” - нидо омада аз як гўшаи дилаш.
    “О, худат гуфтӣ, ки онҳо фарзандони падару модари туянд. Кас набояд дар суханрони нисбати фарзанди падар бемулоҳиза бошад,” - ба хурӯш омад нимаи дигари қалбаш.

  • Кӣ медонад, ки баъди он дипломати зормонда ба сари Хушдил чӣ меояд, андеша намуд зан.

  • Ба даҳонат об гирифтӣ?

  • Ман дишаб ба худат фаҳмонда будам, ки ҳамаи он думликонҳои Фарҳоду Иброҳим акнун гиребонгирашон шуданд.
    ,”83 “Ин чи шўрест, ки дар даври қамар мебинам- гўй.

  • Аслан ҳамин хел шуд. Некӣ барои паёмбари Худо роҳрав нест гуфтаанд. Ҳайфи меҳнатакои акаҳом. Ёд дорӣ, онҳо вақте ки мардум дар ҳасрати як бурда нон ҷон медоданд, чӣ қадар сағираҳои сарлучу пойлучро бо нон таъмин карданд.

  • Бо нон не, бо Калашников.84

  • Фарқаш чӣ? Ҳамон сарлучу пойлучҳо тавассути акаҳои ман соҳиби як бурда нон шуданд.

  • Аз хотир набарор, ки бандаро низ сари қудрат Фарҳоду Иброҳим овардагӣ.

  • Киноягўиятро бас кун! Ҳамагон шоҳиданд, ки ту он шабу рўз дар сояи давлати Фарҳоду Иброҳим чӣ савлате доштӣ.

  • Ҳоло чӣ?

  • Баъде ки роҳу равиши корро ёд гирифтӣ, тайи як - якуним соли охир роҳи хонаи онҳоро фаромўш кардӣ, ё гапам нодуруст?

  • Ман аз пайи рўзгори хеш будам.

  • Нав ба сари гапҳои ман омадӣ.

  • Ба сари кадом гапҳо?

83 Сухан аз Ҳофизӣ Шерозӣ.
84 Автомати Калашников дар назар аст.

пешина
аз 527
навбатӣ