Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Гуфтам - ку, ҳар кас дар ин замона бояд аробаи худашро кашад.
  • Аробаи худ, аробаи худ мегўӣ. Чӣ ман ғуломи онҳо будам, ки…
  • Кӣ чӣ?
  • Гўё намедонӣ.
  • Ту барои онҳо не, барои беҳтар шудани рўзгори хеш бо онҳо ҳамкорӣ мекардӣ.
  • Чӣ хел ҳамкорӣ? Аз он бор, ки мо ҷонро ба хатар гузошта интиқол медодем, ҳамагӣ панҷ фоизаш насибамон мегашт. Боз ҳамкорӣ мегўӣ.
  • Ҳайфи меҳнатакои акаҳом. Эй, ту ки домод шуда, чунин андеша дорӣ, пас чӣ ҷойи гила аз бегонагон?
  • Домод мегўӣ?
  • Ҳа, домод, ё домод буданатро инкор мекунӣ?
  • Не, албатта.
  • Пас чӣ ҷойи гилаву озор?
    -Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, Ки бо ман ҳар чи кард он ошно кард.
  • Шутур каҷии худашро намебинад.
  • Хайр шуд!
    "Даҳони пўшида сад тилло духтарам," - суханони модарро ба ёд овард Раъно ва ҳамсарро, ки болои бистар чун мурда дароз кашида буд, ба ҳоли худ гузошта, ба хонаи шафат гузашт. “Ҳаминаш намерасад, ки ў кафшҳоямро пеши по монад,” - баробари аз ҳуҷраи хоб баромадан аз дил гузаронд зан.
    Ҳангоми аз хонаи падар баромадан дар дилаш нисбат ба бародарони ҳамхуни хеш як нафрате пайдо гашта, вале дар суҳбати на чандон тӯлонӣ бо шавҳар он ҳама қаҳру ғазаб ва нафрати сарзада, мисли он ки шаъми фурўзонро ба об меандозӣ, яку якбора хомўш шуд.
    Ин дафъа Раъно ҳамаи он пичингу кинагўиҳои шавҳарро, ки ба мағзу устухонаш кора карда буд, бе муқобилият қабул кард. Ба қавле ў синаи хеш дар муқобили он суханони чун теғ тез сипар кард ва чун замони ақибнишинӣ фароҳам омад, ақибнишинӣ намуд.
    “Ақибнишинӣ накуну қандата хӯр!” Нидои аз замири ҷавонзан бархоста нидои ҳақ буд.
пешина
аз 527
навбатӣ