Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Охир ў худ аз нигоҳи шавҳар дарёфт, ки баъди гум шудани он дипломати зормонда қариб ақлашро гӯм кардааст…
“Даҳони пӯшида сад тилло…
Даҳонатро напӯшу қандата хӯр. Шавҳар бо ту чунон кунад, ки дигар роҳатро наёбӣ. Беҳуда нагуфт шавҳар ҷон дораду...
Ҳарчанд Хушдил ҳокими мутлақи ман аст, вале ў дар ҳолате қарор дорад, ки на девонагиаш маълуму на беақлиаш…
Ба девона додани корд (баҳс дар назар аст) ва ба беақл додани ҳокимият (мақоми шавҳар дар дини мубини Ислом) хатари якхела дорад,” - ба ёд овард зан вазъи бади хешро ва ба курсӣ нишаст...
Баъди худоҳофизӣ бо дўсти ҷавонаш Қодири Ашўр капитани милиса Муртазо Дўст рост ба идора омад. Ҳар он чи ки ў аз забони он писарбачаи фирорӣ шунид, дар мизони ақл рост намеомад, вале тайи чандин соли кор дар милиса ӯ худаш ҳам бори аввал ба чунин ҳодисаи печ дар печ рў ба рў омада буд. Пеш аз он ки дар бораи шунидаҳояш гузориш нависад, ўро лозим меомад, ки ҳодисаи мазкурро дар мизони ақл баркашад, то рўзе нашавад, ки худ ба бало монад. Сари гуфтаҳои писарбача соате майна об кард, вале ба хулосае омада натавонист, ки натавонист…
Муртазо Дўст нағз мефаҳмид, ки чунин ҳодисаҳоро ба таъхир андохтан ҳеҷ мумкин нест. Ба замми ин, ў на як бору ду бор мақоли халқии "гапи ростро аз бача шунав" - ро тайи ҳамин муддат ба ёд оварда, аз шунидаҳои хеш ба номи сардори ШКД гузориш навишт. Сипас бо гузориш ба қабулгоҳи сардори ШКД рафт.
- Ҳикмат Убайдуллоевич ба прокуратура рафтанд,- баробари ўро дидан хабар дод котиба.
- Хоҳиш мекунам чун омаданд, маро огоҳ созед.
- Хуб шудааст.
- Ҳа, дарвоқеъ чӣ мешуд, ки агар ҳамин гузориши бандаро баробари бозгаштанашон ба дасташон медодед?
- Беҳтар мешуд, ки онро тариқи котибот мефиристодед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор