Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Майлаш, ман айнан чунин хоҳам кард, - гўён Муртазо Дўст аз қабулгоҳ баромада қариб буд бо сардори ШКД бархўрад.
  • Оҳистатар!
  • Бубахшед, рафиқ майор, ман, ман…
  • Ҳеҷ гап не, - гўён сарвари ШКД дари қабулгоҳро кушод.
    “Чунин корро ба таъхир андохтан мумкин нест,” - аз дил гузаронд Муртазо Дўст ва лаҳзае пас рухсат пурсида, вориди дафтари кории сардори ШКД шуд…
  • Гўшам ба шумо, рафиқ капитан.
    Муртазо Дўст коғази дар дасташ бударо ба дасти Ҳикмат Зариф дод.
    Ҳикмат Зариф танҳо баъди қироати гузориш бо ишораи дасташ ба Муртазо курсиеро нишон дод. Баъди қироати дубора ў гузориши зердасташро болои миз гузошта, ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт:
  • Ба он писарбача бовар кардан мумкин?
  • Гумон мекунам, ки писарбача рости гапро гуфт.
  • Гумон, гумон ин ҳанўз кам аст.
  • Чаро?
  • Чунки тайи ин муддат нафаре ҳам дар бораи он дипломат пурсон нашуд, ё аниқтараш ба суроғи он дипломати мегуфтагии вай писарбача… чӣ буд номаш?
  • Қодири Ашўр.
  • Ҳа, Қодирӣ Ашўр, наомад, ин як. Дуюм, модоме ки ў дипломатро дид, пас чӣ тавр рақами он и таксиро надид, ҳол он ки хотираи бачаҳо дар чунин синну сол ниҳоят мустаҳкам мешавад.
  • Вай гуфт, ки рақамҳои мошин дар зери чангу лой буданд.
  • Ҳеҷ боварам намеояд.
  • Барои чӣ?
  • Ба дурусти суханони ҳамон писарбача.
  • Пас чӣ бояд кард?
  • Чӣ бояд кард, чӣ бояд кард? Моро ба ҷуз санҷиши ин хабар чорае нест, мефаҳмӣ?
  • Албатта.
пешина
аз 527
навбатӣ