Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ман аллакай қарорро дар бораи рад намудани оғози кори ҷиноятӣ аз рўйи ҳодисаи сангчарх дар мавзеи Дударгӣ, ки сокини шаҳри Душанбе Сайёд Ватан ҷони хешро аз даст дода буд, имзо намудам. Имрўз бошад шумо хабари нав овардед.
- Ман ҳам шуморо мефаҳмам, рафиқ майор.
- Чиро мефаҳмед?
- Он чиро ки ба сари шумо, ба сари идора боз як балои ногаҳонӣ овардам. Дар ин бора банда хеле андеша намудам ва танҳо баъди андешаҳои зиёде қалам болои коғаз бурдам.
- Дар ин бора ман шуморо айбдор карданӣ нестам. Шумо дар асоси қонун амал намудаед. Ман ҳам ба ҷойи шумо мешудам, дигар хел рафтор карда наметавонистам. Ҳаминаш беҳтар аст, ки мо худамон гиреҳи ин калобаи печ дар печро кушодем, вагарна нӯги калобаро аз дигар самт кушода, то ба худи мо ҳам мерасанд. Дар он сурат аҷаб нест, ки моро гунаҳкор насозанд. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Мо имконияти пурра дорем, ки сари ин муаммо рӯшанӣ андозем, - гўён Ҳикмат Зариф даст ба гўшаки телефон бурд ва чанд рақамеро чид…
- Ҳикмат Убайдуллоевич, шуморо гўш мекунам, - шунид Муртазо Дўст овози котибаро.
- Шаҳлоҷон, ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки аз оғози саркунии кори ҷиноятӣ саркашӣ намуда будем, дар дасти шумо ҳастанд?
- Ду рўз пештар бо дархости прокуратура онҳоро барои омўзиш ба он ҷо фиристодем.
- Материалҳои сангчархи Дударгиро низ?
- Бале.
- Омўзиш бошад, омўхтан гиранд, - гўён Ҳикмат Зариф гўшакро ба ҷояш гузошта гуфт: - Афсўс ки, рафиқ капитан, хабарро каме дер гирифтед.
- Аслан ман на ба мақсади гирифтани хабар ба назди он бача рафта будам.
- Медонам. Аз ҳодисаи сангчарх аллакай се ҳафта сипарӣ шуд. Дар ин муддат касе ба суроғи он дипломати дидаи писарбача набаромад, ана ҳамин ҳолат моро ба ташвиш андохтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор