Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Рафту дар бораи он дипломат касе хабар надошта бошад
  • чӣ?
  • Далел?
  • Писарбача гуфт, ки дар он субҳи солеҳон дар ҳоле, ки ҳанўз чашми рўз накафида буд, ронанда ўро рўйи роҳ дида наистод.
  • Хайр чӣ?
  • Фарз кардем, ки агар шумо дар чунин вақт кўдакеро рўйи роҳ бинед, мошинро бознамедоред?
  • Намедонам.
  • Ана дидед.
  • Равшантар гап занед!
  • Аз он чи ки ронанда Сайёд Ватан нисбати мусофири хурдакаки рўйи роҳ таваҷҷуҳ зоҳир накардааст, ин пеш аз ҳама дар мошин доштани бори мамнуъ будааст. Дар айни ҳол мо метавонем бигўем, ки дар дохили ҳамон дипломат ягон бори мамнуъ будааст. Маҳз ба хотири ҳамин бор ў писарбачаро ба мошин нагирифтааст. Маҳз ҳамин бор сабаб шудаасту он ду нафаре, ки ба ёрии вай шитофтанд, ба ў ёрӣ надода, дипломатро гирифта аз он мавзеъ гурехтаанд.
  • Ташхиси тиббӣ хулосаи хеш бар он гуфтаст, ки Сайёд Ватан аз гирифтани зарбаи сахт ба сараш ҷон додааст. зарбае, ки одам дар чунин муҳити танг (дохили кабина дар назар аст) қувваи чунин зарба заданро надорад.
  • Баҳс намекунам. Ман аслан гуфтанӣ нестам, ки он ду тани ба ёрии вай шитофта ба хотири гирифтани дипломат ўро ба қатл расондаанд…
  • Суханатонро давом диҳед!
  • Чун он ду нафар ронандаро дар ҳолати марг дарёфтанд, аққалан аз рўйи таомули инсонӣ бояд ҷисми беҷонашро ба берун мебароварданд, то омадани милиса интизор мешуданд, ё ба милиса хабар медоданд. Ҳамаи инро сабаб ҳамон дипломати сиёҳ аст. Лек мо то кунун намедонем, ки дар дохили он чӣ будааст, ки он ду нафар зуд он мавзеъро рўбоҳвор тарк намуданд.
  • Ба ҳар ҳол, банда бурдани маводи мухаддирро рад мекунам.
  • Чаро?
пешина
аз 527
навбатӣ