Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чунки ягон инсони боақл барои фурӯш чунин борро аз деҳа ба девлох намебарад.
  • Рафту дар он дипломат пул бошад - чӣ?
  • Ин ба ҳақиқат наздиктар аст, вале чаро касе ба суроғи он пулҳо тайи ин се ҳафта набаромад.
  • Чунки пул бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст.
  • Агар сангчархро ҳам он ду нафар фирорӣ ташкил карда бошанд - чӣ?
  • Ба гумон аст.
  • Чаро?
  • Писарбача аниқ гуфт, дар ҳоле ки чароғҳои мошини аз паҳлуи ў гузашта дар гирдиши кўҳи Дударгӣ аз чашми вай паноҳ шуданд, рӯшноии дигаре аз ҳамин самт ба сўи вай омад. Сипас, садои баланди лағжиши кўҳро шунид…
  • Яъне, мошине, ки он ду нафарро бо дипломати сиёҳ ба самти шаҳр бурд, ба ҳодисаи сангчарх ягон иртиботе надоранд.
  • Ба фикрам, ҳамин хел аст.
  • Набошад он ду нафарро ба ҷуз мо онҳо ҳам ҷустуҷў доранд.
  • Киҳо?
  • Соҳибони дипломат, онҳое ки Сайёд Ватан бозичаи дасташон будааст.
  • Кӣ медонад?
  • Фактҳои дар дастамон буда худ далели гуфтаҳои мо ҳастанд. Аз ин рў, аз ҳамин лаҳзаҳо дер накарда, мо бояд нақшаю чорабиниҳои фаврии ҷустуҷўиро тартиб диҳем.
    Аминам, ки шумо ба он писарбача… чӣ буд номаш?
  • Қодир. Қодири Ашўр.
  • Ҳа, Қодири Ашўр. Ба ӯ фаҳмондед, ки дар ин бора ба касе даҳон накушояд.
  • Бале.
  • Бисёр хуб. Набошад, то фардо субҳ нақшаю чорабиниҳоро тартиб дода, ба назди ман биёред. Санҷиши гузориши шуморо банда ба шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ вомегузорем. Фардо субҳ мо ҳама якҷоя боз сари ҳамин масъала бармегардем. Аминам, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд ё гапам нодуруст?
пешина
аз 527
навбатӣ