Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Гапатон дуруст.
- Набошад аз пайи кор шавед, - гўён Ҳикмат Зариф ба суҳбати хеш нуқта гузошт.
Муртазо Дўст аз ҷой бархеста, ба самти дар ҳаракат кард.
Сардори ШКД пас аз рафтани капитани милиса ба курсии мулоим такя намуда, суҳбати хешро бо нозир оид ба корҳои ноболиғон Муртазо Дўст дар тарозуи ақл баркашид ва сипас тугмачаи зери мизро зер кард. Лаҳзае пас котиба дарро кушода, мунтазири амри ӯ шуд…
Баъди худоҳофизӣ бо зердастон Дороб Қамар ба андешаҳои хеш дода шуд. Аз он чи ки шогирдон адаби Хушдил Одилро додаанд, ўро шубҳае дар дил набуд. Чи Сайф Насим ва чи Ҳусайн Акбар манқурти таппа - тайёр буданд ва Дороб Қамар аз он хурсанд буд, ки шогирдонаш ба ҷойи салла калаи Хушдил Одилро наовардаанд. Пас, оё месазад ду манқуртро, ки ба ҷойи майна дар калаашон аррамайда пур карда шудааст, ба разведка фиристод?
Вуҷуди Дороб Қамар аз чунин андеша ларзид. Охир Сайф ва Акбар чунон разведка намоянд, ки натиҷааш то қиёмат аз ёдҳо наравад, ки наравад.
Ў ҳамоно тариқи телефони мобилӣ Сайф Насимро огоҳ сохт, ки ба ҷойи ҳодиса рафтанашон шарт нест.
- Шумо беҳтар медонед, лозим набошад, намеравем.
- Лозим нест.
- Фаҳмо.
- Вале ин ҳанўз маънои онро надорад, ки шумо дастҳоро болои ҳам монда истироҳат намоед!
- Набошад, чӣ кор кунем? - пурсид Сайф Насим.
- Назоратро аз қафои ҳамон худозада пурзӯртар намоед!
- Фаҳмо.
- Боз нашаваду…
- Не, мо мефаҳмем.
- Бисёр хуб. Рафту агар хабари арзишманде ёбед…
- Аз рўйи варианти аввал амал хоҳем намуд.
- Не, аз рўйи варианти дуюм.
- Фаҳмо, аз рўйи варианти дуюм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор