Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дороб Қамар телефонро хомўш намуда, боз сари ҳодисаи рухдода дар мавзеи Дударгии ноҳияи Файзбор майна об карданӣ шуд, вале бенатиҷа.
“Ба ҷуз ба он мавзеъ рафтан бандаро роҳи дигаре нест,” - аз дил гузаронд ў ва чароғро хомўш намуда, болои бистар дароз кашид. Хост лаҳзае аз дарду - ғами рўзгор дур бошад.
Аммо дар ҳоле, ки вай қарор дошт, магар метавонист орому осуда нафас гирад?
“Ҳаргиз!” - нидо омад аз қалбаш.

  • Ҳаргиз, - зери лаб гуфт Дороб Қамар ва дар назараш гӯё ки деворҳои хона ҳам садо доданд.
    Аз "Капитал" - и Карл Маркс то кунун як ҷумла дар ёди вай монда: - "Пул - мол, мол - пул". Агар пулу мол таваҷҷуҳи оламиёнро бедор намекард, пас Маркс ҳам бузург намешуд.
    Дар байни чор девори бетонӣ, чун дар оғўши зулмот, ў ғайри ихтиёр боз ҳамон ҳаштод ҳазор долларро, ки аз гардиши маводи мухаддир чун кўҳ ба даст омадаву чун бод аз даст рафта буд, пеши назар овард. Хушдил Одил ба номи ҳафт пушти гузаштагонаш қасам хӯрд, ки он мабалғро ба дасти Сайёд Ватан додааст. Бубин, лаънатӣ ба кӣ такя карданашро медонад, медонад ки Сайёд Ватан дигар қобилияти инкор кардани суханони вайро надорад. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гашту командир аз шогирдони калабураш мадад хост, вале ҳамааш бенатиҷа. Агар ў мехост шербачаҳо калаи Хушдил Одилро, ки ба амонат хиёнат намуда буд, ҷудо мекарданд.
    “Аз сабр кардан ғӯрра ҳалво мепазад,” - гуфтаи мардумро ба ёд оварду аз аспи ҷаҳл пиёда шуд. Дигар на пул асту на мол, моли ба амонатгирифтаи вай коми ҳазорон нафарро ширин намуду қисми зиёди он мардуми хумориро мутеи умрбоди хеш гардонд. Акнун онҳо боз нигарони овардаи моли ўянд, то хумор шикананд ва лаҳзае ҳам бошад, худро аз гирудори зиндагӣ канор гиранд, лаҳзае биосоянд ва дар мавҷи хаёлоти ботил ғӯтта зананд, вале…
    Дирўз ў тариқи “оинаи нилгун” мусоҳибаи озоди журналистро дар кўча бо чанд тан ҷавон тамошо намуд.
    Аслан журналист донистан мехост, ки аз ҳама инсони соҳибэҳтиром дар ҷамъият кист? Аз байни панҷ тан се нафар як хел ҷавоб доданд:
пешина
аз 527
навбатӣ