Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Одамони соҳибэҳтироми ҷамъият ҳамон касоне ҳастанд, ки пул доранд, пули калон.
  • Модоме ки худи духтараки синфи даҳум эҳтироми шахсро дар пул мебинад, пас ў умри хешро дар зиндагӣ баҳри дарёфти пулу мол беҳуда зоеъ накардааст, ҳарчанд роҳи пешгирифтаи вай ва вай баринҳо бархилофи қонунҳои умумибашарианд…
    “Хайр чӣ?!” - нидо омад аз қалбаш.
    Дороб Қамар баръало ҳис намуд, ки ин нидои шар (шайтон) аст, вале бо қалби хеш сари баҳс қарор гирифтан нахост. Замоне ў партияро ақлу шараф ва виҷдони хеш мепиндошт, вале чун пулу мол дар қалби вай маскан гирифт, пушт ба сўи гузаштаи хеш гардонд. Акнун дастонаш то оринҷ ва шояд аз оринҷ ҳам болотар ғарқи хунанд, вале вай ба қавли он духтараки содда соҳибэҳтиром аст.
    Пас чаро ин мақоми хеш аз даст диҳад? Баҳри соҳибэҳтиром будан талош мебояд. Бо коре ки даст дорад, ҷамъият ҳаргиз обод нахоҳад шуд, вале ўро аз ин кирдори хеш боке нест. Муҳим он аст, ки ҳамаи амалиётҳои ғайриқонунии вай баҳраш даромади муфт меоранд.
    “Шиори шумо баринҳо "гўр сузаду дег ҷўшад" буд, ҳаст ва мемонад!” - нидо омад ба гўшаш. Дарвоқеъ, ин нидои ошно буд, нидое буд аз қалби он мардуме, ки аз дасти ў ва ў баринҳо хонасалот шуда буданд. Аз истифодаи маводҳои интиқолнамудааш яке даст ба худкушӣ задаву дигаре падар гум карда. Нидои тифлони сағираву бепарастор, шояд нидои фарзандони Сайёд Ватан, ҳарчанд ў ҳам фаришта набуд…
    “Саг меҷакаду корвон ба роҳаш м,” - ба дифои вай бархост Шарр.
    Дар ин шаби тор байни чор девори бетонӣ бори дуюм буд, ки шар даст ба қалби вай зад. Бори аввал суханони Шарр характери эътирозомез доштанд, вале худи вай эътирозро бо хомўшии хеш пазируфт. Аз ин беҳаракатии вай Шарр илҳоми тоза гирифта, ин даъфа кирдорҳои нопоки вайро на танҳо пазируфт, балки баҳри комёбиҳои нав ба нав ҳидояташ намуд.
    Ба ҷойи он ки ў астағфуриллоҳ гўяду шайтони алайҳилаънаро аз замири хеш дур созад, боз сари андешаҳои ҳамон духтараки содда, ки тариқи “оинаи нилгун” дида буд, худро соҳибэҳтиром дидан хост…
пешина
аз 527
навбатӣ