Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дороб Қамар нағз мефаҳмид, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад ва модоме, ки пул дар ҷамъият шахсро соҳиби эҳтиром месозад, баҳри дарёфти он талош мебояду талош.
Ҳамин лаҳза мавҷи андешаҳои вай лаппиш хўрд. Лаппиш на ба он самте, ки ўро аз роҳи пешгирифтааш боздорад.
Дороб Қамар аслан мақоми пулро дар форматсияҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба хотир оварданӣ шуд. Эҳтимол пул таърихи ниҳоят қадима дошт ва ҳамаи инро сабаб муомилоти байни инсонҳо буд. Экиваленти асосии ин муомилот дар ҳама давру замонҳо тилло буд, вале…
Дар ҳамин ҷо мавҷи хаёлоти Дороб Қамар қариб буд ба садама дучор ояд…
Собиқ корманди комсомол дар куҷое хонда ё шунида буд, ки замоне дар кадом яке аз давлатҳои қитъаи Африко қабилае умр ба сар мебурдааст, ки сангҳои калонро дар муомилоти хариду фурўш ҳамчун пул истифода мебурданд.
Аз рўйи таомули мавҷуда мардуми он қабила ба ивази моли хеш аз харидор шакли бартериро талаб менамуданд. Дар сурати надоштани чунин ашёе, ки талаботи фурўшандаро қонеъ гардонад, харидор номи хешро ба гарав мемондааст. Ба ҳамин хотир ў санги калонеро аз назди ҳавлиаш ғел дода, то ба назди манзили фурушанда мебурдааст. То он замоне, ки ў бо ашё қарзи хешро барнагардонад, касе номи вайро ба забон намеовардааст. Чун қарзро баргардонид, сангро ғел дода ба назди хонааш мебурдааст ва мардум он санги калонро ки рамзи номи соҳибмулк будааст, назди хонааш дида, номи вайро чун пештара ба забон меовардаанд. Яъне, ҳамон санги пеши ҳавлӣ соҳиби ҳавлиро назди хосу ом муаррифӣ менамудааст, ки бубинед ў қарздор нест ва эҳтиромашро ба ҷо оред.
Ҳамчунин, ў ҳикояи ҳамон табиберо ки аз назди гӯристон гузашта истода, рўяшро ба дигар сӯй мегардондааст, ба ёд овард. Аз чӣ бошад, ки шайтони алайҳилаъна ҳам баъди ба ёд овардани ин ҳикоя бо вай ҳамовоз нашуд. Дунё ҳама дар оғўши зулмот мондаву аз сағир то кабир ҳама дар хоби хуш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор