Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Касеро парвои вай набуд. Ҳама ҷо хомўш, ҳама ҷо ором. Моҳ ҳам ба ғуруб рафтаю оламро аз ҷамоли ҷаҳонорои хеш маҳрум сохта. Танҳо ў як нафар байни чор девори бетонӣ дар оғўши зулмот сари суханони он толибилми содда, ки чун ў баринҳоро соҳибэҳтиром номид, андеша дорад. Модоме ки чунин аст, пас он ҳаштод ҳазор долларро ёфтан лозим!
Албатта, лозим вале чӣ тавр?
Ба ин савол ҳанўз ҷавоб наёфта буд, ки хоб ғалаба кард…
Гапи хона ба бозор рост наояд гуфтагӣ барин шуд.
Сорбони Ҳомид ба маҷлиси мушовараи прокуратура рафта гумон дошт, ки аққалан нафаре роҳу равиши дурусти корҳои ҷустуҷўиро атрофи ҳодисаи дар кўчаи Сурхоб рухдода тавсия медиҳад, вале аз маҷлис баромада ба хулосае омад, ки вақтро аз даст додааст. “Вақт рафт, нақд рафт,” - мегуфт падараш.
Чун сарварони идораҳоро ба маҷлиси хоса даъват намуданд, вай дигар сардораш Ҳамид Ҷовидро интизор нашуда, ба ошхонаи сари роҳ даромад ва баъди тановули нисфирўзӣ рост ба идора омад. Аз ғалладони мизи кориаш чанд варақеро берун оварда, ба мутолиа пардохт. Аз рўйи таҷрибаи дар милиса андӯхтааш ҳама гуна фикру андешаи нисбати кор ба ёдаш омадаро ба дафтари қайдҳо менавишт ва баъди як ё ду рўз сари он навиштаҳо майна об мекард. Дирўз низ баъди суҳбат бо сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев ўро фикре ба сараш омаду онро дар дафтар қайд намуд.
Дар ин муддате, ки Сорбони Ҳомид ҷўёи сабабҳои сўхтор дар кўчаи Сурхоб буд, бисёр паҳлуҳои зиндагии ронандаи таксӣ баҳраш кушода шуд. Ҳанўз аз лаҳзаҳои аввали корҳои ҷустуҷўӣ Сорбони Ҳомид ҷустани сабабҳои содиршавии ҷиноятро аз рўйи мавқеи иҷтимоии ҷабрдида инкор карда буд. Баъди вохўрӣ бо Озодаи Шафоат назари ў дар ҳамин самт ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳарчанд тафтишот мисли Дон Жуан будани Мустафо Наим далеле дар даст надошт, вале таҳлилу омўзиши ҳаёту фаъолияти ҷабрдида тақозо мекард, ки ҷиноят бе иштироки ҷинси латиф рух надодааст. Вай ҳарчи бештар дар бораи ҳодисаи рухдода андеша мекард, ҳамон қадар ба печутобҳои зиндагиномаи Мустафо Наим дармемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор