Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иштироки зан дар ҳодисаи мазкур метавонист боз содиршавии ҷиноятро аз рўйи мавқеи иҷтимоии ҷабрдида инкор намояд, вале дар он сурат зан мустақиман сабабгори ба чунин амал даст задани дигаре шуда метавонист. Дар чунин ҳолат рашк рўйи саҳна меомад ва ҳамин ҳолат ҳам дар нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷўӣ таҳти аломати "б" рўйи лисон омада буд.
Сорбони Ҳомид бисёр мехост, ки ҳарчи тезтар дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат акси он зане, ки вай чанд бор бо Мустафо Наим дида буд, тарҳрезӣ шаваду калиде дар кушодани ин муаммои сарбаста гардад.
Дирўз баъди огоҳӣ ёфтан аз маҷлиси мушовара ў тариқи нозири минтақавии маҳаллаи зисти Озодаи Шафоат дугонаи Гулнозро огоҳ намуд, ки вохўрӣ ба муддати бисту чор соат ба қафо партофта мешавад. Ҳоло ба соати девории болои дари утоқи кориаш чашм дӯхта, ба хулосае омад, ки то вохўрӣ бо Озодаи Шафоат понздаҳ соат вақт ҳаст ва ўро ба ҷуз интизор шудан чорае нест. Охир ў наметавонист, худ ба маҷлиси мушовараи прокуратура рафта, нисбат ба шоҳид, ки ба тафтишот ёрӣ додан мехоҳад, муносибати хунукназарона намояд.
Маҷлису маҷлисбозӣ ин экспансияи ягон давру замон нест. Эҳтимол аз замони пайдоиши давлату давлатдорӣ маҷлису маҷлисбозӣ рўйи саҳна омада бошад. Маҷлисро асосан ифодаи иродаи гурўҳи дар сари мансаб буда ва беҳтарин роҳи фишор аз болои зердаст номидан ҷойизтар аст.
Онҳое, ки сари мансабанд, аз рўйи мавқеи иҷтимоии хеш садри маҷлис ба ҳисоб мераванд ва донистан мехоҳанд, ки сабабҳои пеш нарафтани кор дар чист. Рафту дар пеш нарафтани кор худашон ҳам гунаҳкор бошанд, ҳаргиз сир бой нахоҳанд дод ва чормағзро ҳамеша дар сари зердастон хоҳанд шикаст…
Сорбони Ҳомид маҷлиси имрўзаро ҳам пеши назар овард.
Чанд тан аз кормандони мақомоти тафтишотӣ сабабҳои аслии пеш нарафтани корро гуфта доданд, вале ҳамон марди тоссаре, ки дар минбар нишаста буд, онҳоро фитнагар номид.
Ҳатто гуфт, ки агар дил сўзад, аз чашми кӯр об меравад. Ана ёбу гир. Натиҷаи кор ҳамин шуд, ки садри маҷлис ҳамаи он чанд тан носипосро, ки ба рўйи роҳбарият чун гурба ба қавле чанг заданд, "мукофот" дод…

пешина
аз 527
навбатӣ