Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танбеҳи қатъӣ ва ба вазифа нолоиқ будани хешро шунида, фитнагарон муҳри хомўшӣ ба лаб гирифтанд. Баъди чунин мукофот эҳтимол онҳо то ба рўзи қиёмат дигар сухани ростро нахоҳанд гуфт.
“Дурўғи маслиҳатомез - беҳ аз рости фитнаангез,”- гуфтани мардумро ба ёд оварда, дили ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳамон лаҳзаҳо таҳ кашид. Он чанд тане, ки чун маддоҳ ба тарғиби садрнишинон даст заданд, эҳтимол баҳри рўзи мабодо барои баромадан ба қуллаҳои баланд баҳри хеш роҳ кушоданд…


Ин субҳ капитани милиса Муртазо Дўст, новобаста ба ҳама кўшишҳояш, аз кор дер монд. Чунин амал дар ҳолате рух дод, ки кормандони бахши ҷустуҷўӣ дар ҳузури сардори ШКД гузориши дирўзаи вайро бояд муҳокима намуда, ҳаллу фасл мекарданд. Натиҷаи дермонӣ он буд, ки Муртазо Дўст шаби гузашта мижа таҳ накарда, дар асоси супориши сарвари ШКД нақшаю чорабиниҳои корро дар байни ноболиғон тартиб дод. Ў бисёр мехост, мавқеъи ноболиғонро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ муайян созад. Дар ин ҷода, чашм нарасад, Муртазо Дўст таҷрибаи кофии корӣ дошт.
Агар ҳамин донишу малакаи тахассусии вай намешуд, масалан, ҳаргиз ноболиғ Қодири Ашўр рози ниҳони дилашро баҳри ў ошкор намекард.
Чун дар қабулгоҳ аз забони котиба огоҳӣ ёфт, ки маҷлис даҳ - понздаҳ дақиқа пеш оғоз ёфтааст, лаҳзае таваққуф намуд.

  • Чаро истодаед?
  • Бо чунин дермонӣ месазад, ки суҳбати эшонро халалдор созам.
  • Ҳикмат Убайдуллоевич бандаро ҳушдор сохтанд, ки чун шумо расида омадед, гўям ба наздашон дароед.
  • Ҳоло ҳамин тавр гўед?
  • Ҳа, бале.
    Дигар ҷойи андеша набуд. Муртазо Дўст ба дари дафтари кории сардор ангушт зад ва мунтазири ҷавоб нашуда дарро кушод.
пешина
аз 527
навбатӣ