Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикмат Зариф бо ишораи даст ба вай рухсати даромадан дод.

  • Аз рўйи нишондоди кадом як сағираи бепадар шуда, мо наметавонем ба сари хеш бало биёрем, - то ба курсӣ рафта нишастанаш шунид ў овози нотиқро.
    Муртазо Дўст болои курсии пушти дар амонат нишаста, гўш ба қимор шуд.
  • Охир мо ҳуқуқ ҳам надорем, ки дидаю дониста чунин хабарро мадди назар намоем.
  • Рафиқ майор, мо ҳам шуморо мефаҳмем, вале набояд аз рўйи як кайк шуда, пўстинро оташ занем.
  • Чӣ хел пўстинро? Шумо чиҳо гуфта истодаед? - инони ихтиёр аз даст дода луқма партофт Муртазо Дўст.
  • Гўё ки намедонед?
  • Чиро?
  • Он чи ки баробари ба қайд гирифтани гузориши шумо фоизи кушодашавии ҷиноятҳо то кадом андоза паст мешавад.
  • Барои ҳамин ҳам мо бояд ба ҳодисаи мазкур аз паси панҷа нигоҳ намоем?
  • Аз рўйи кадом як хабаре, ки касе дар суроғаш нест, сеюним фоиз паст намудани кушодашавии ҷиноятҳои ноаён…
  • Суханатонро набуред.
  • Ман аллакай суханамро гуфтам, худатон як бори дигар андеша намоед, рафиқ капитан, ба тарафи Муртазо Дўст нимнигоҳе намуда, ба курсӣ нишаст нотиқ.
  • Рафиқ капитан, акнун шумо имконияти пурра доред, ки фикру ақидаи хешро баён созед. Ёдрас мешавем, ки дар давоми сухан гуфтани дигарон, луқма партофтан аз рўйи одоб нест,- ба тарафи Муртазо Дўст нигариста гуфт Ҳикмат Зариф.
    Муртазо Дўст аз ҷой бархост. Суханони сардори ШКД чун нештар аз мағзу устухони вай гузаштанд. Ба замми он ки ў ин субҳ ба кор дер омад, боз дар сухангўӣ андоза нигоҳ надошт… Шояд то ҷое ҳақ ба ҷониби сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Одина Валихон бошад?
    …
  • Чаро хомўш шудед? - Муртазо Дўстро аз байни андешаҳо берун овард Ҳикмат Зариф.
пешина
аз 527
навбатӣ