Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ҳаминаш беҳтар аст, ки мо худамон гиреҳи ин калобаи печ дар печро кушоем, вагарна нӯги калобаро аз дигар самт кушода, то ба худи мо мерасанд, - ба ёд овард Муртазо Дўст суханони дирўзаи сарвари ШКД - ро ва чанд бор гулӯ афшонд.
- Гап занед!
- Ман пеш аз ҳама барои ба кор дер омаданам аз ҳамаи аҳли нишаст маъзарат мепурсам. Дар ин ҷода ман ба гирифтани ҷазои интизомӣ ҳам омодаам, вале ҳар он чи ки аз забони муҳтарам Одина Валихон шунидам, ором буда наметавонам.
- Чаро?
- Майори милиса Одина Валихон дар бораи аз кадом манбаъ гирифтани хабар андеша накарда, нафареро, ки ба милиса ёрӣ додан мехоҳад дастгирӣ накард.
- Шаф - шаф накарда, шафтолу гуфта мон, - луқма партофт Одина Валихон.
- Ором шавед, рафиқ майор. Шумо, ки обро лой карда, моҳӣ доштан мехоҳед, баҳри паст накардани фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён тайёред, ки ҳақиқатро рўйирост инкор намоед.
- Кадом ҳақиқат? Шумо чиҳо гуфта истодаед? Барои шаъну шарафи хеш не, балки барои шаъну шарафи идора дилам месўзад, мефаҳмед!
- То андозае!
- Яъне, ки балоро намефаҳмед.
- Андоза нигоҳ доред, рафиқ майор, - Одина Валихонро огоҳ намуд сардори ШКД.
- Хуб шудааст.
- Бе эҳсосот сухан гўед, дурусттараш ба эҳсосот дода нашавед.
- Ман афсўс бар он мехўрам, ки аз оғози суҳбат набудам.
- Барои ҳамин барвақттар аз хоб хестан лозим, луқма партофт кадоме аз аҳли нишаст, вале Муртазо Дўст худро ношунида вонамуд карда, ба суханаш давом дод:
- Чӣ хеле ки муҳтарам Одина Валихон қайд кардаанд, аз рўйи хабари кадом як сағираи бепадар мо гўё ба сари хеш бало овардаем ва барои як кайк шуда набояд пӯстинро оташ занем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор