Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Барои манфиати идора шуда, аз ҳақиқат чашм пӯшиданием. Ба таври дигар гўем, обро лой карда, моҳӣ доштан мехоҳем. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо гуфта, тайёрем ҷиноятеро рўйпӯш намоем, ҳол он ки чунин амал худ ҷиноят аст.
Аз чунин ранг гирифтани баҳс дили Ҳикмат Зариф озурда гашт, вале худро ба хотири гуфтаҳои бузургон, ки баҳс ҳақиқатро рўйи об меорад, ба даст гирифта гуфт:
- Новобаста аз ҳама баҳсу гиребонгириҳои мо хабари он писарбачаро санҷидан лозим. Инро ба шумо на ман, балки худи қонун ҳидоят мекунад. Модоме ки чунин аст, пас роҳу равиши корро дар ин самт пешбинӣ намудан лозим. Банда ҳамаи шуморо ба он хотир даъват намудам, ки ҳама якҷоя аз як гиребон сар бароварда, роҳи беҳтареро дар самти корҳои ҷустуҷўӣ интихоб намоем, вагарна ҳоҷат ба чунин даъват ҳам набуд. Дар асоси қонун мо бояд хабари он писарбачаро санҷида, чун ҳама дигар арзу шикоятҳои ба мақомоти милиса дохилшуда аз се як қарорро интихоб намоем. Майор Одина Валихон, канӣ гўед, ки он қарорҳо кадомҳоянд?
Сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Одина Валихон чунин ранг гирифтани корро чашмдор набуд, вале фаҳмид, ки ў бо баҳси ноҷойи хеш дили Ҳикмат Зарифро озор додааст ва ночор чунин посух дод: - Чун хабар тасдиқи хешро ёбад, сараввал оғоз намудани кори ҷиноятӣ, дуюм аз рўйи тобеъият фиристодани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдор, сеюм дар сурати тасдиқ нашудан ва ё камаҳамият будани он рад намудани саркунии кори ҷиноятӣ.
- Роҳи дигар нест?
- Нест.
- Пас чӣ лозим аз гиребони якдигар гирифтан? Акнун аз пайи кор шавед ва ҳар чи тезтар қарори хешро дар ин бора болои ана ҳамин мизи корӣ (Ҳикмат Зариф бо ишораи даст мизи кориашро нишон дод) гузоред, фаҳмо?
- Фаҳмо, - гўён Одина Валихон аз ҷой бархест. Дигарон ҳам аз қафои вай дафтари кории сардорро тарк намуданд.
Мисли оне ки танӯр аз нон холӣ мешавад, дафтари кории Ҳикмат Зариф ҳам холӣ шуд ва сардори идора баҳри гарм мондани танӯр хокистари ҳанўз то ба охир насўхтаи оташдонро байни танӯр гирд овардан хост, то бубинад, ки аз он боз чӣ самаре ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор