Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба курсии мулоим такя намуда, тамоку даргиронд ва дар зери фаввораи дуд сари баҳси чанд лаҳза пештар доштаи ҳамкорон ба андеша рафт…
Дирўз ҳангоми шиносоӣ бо гузориши Муртазо Дўст ва суҳбати хоса бо вай ба хулосае омад, ки ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд. Ба ҳамин хотир ў мутасаддиёни бахши кофтукови ҷиноятӣ ва нозирони минтақавиро ба наздаш хонда маслиҳат пурсидан хост ва қариб буд, ки аз чунин маслиҳат қиёматро қоим созад. Дигарон мешуданд ҳеҷ гап набуд, вале худи сарвари бахш Одина Валихон ўро аз роҳ гардондан хост, то ки хабари мазкурро мавриди таҳқиқ қарор надиҳад, дурусттараш сарвари ШКД аз чунин хабар чашм пўшаду онҳоро ба ҳоли худ гузорад. Албатта, аз паст шудани фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён аз ҳама пеш худи вай гап хоҳад шунид, вале чунин ҳолат дар қиёс бо он ки ў ҷиноятеро (агар дар ҳақиқат хабар тасдиқ шавад) пинҳон мекунад, аз фарш то арш аст, ба шуғнӣ даст деҳ, аз оринҷат медорад. Ман онҳоро баҳри маслиҳат даъват намудам ва бубин, ки чӣ хел маслиҳат шунидам. Ба ҳар ҳол, ҳеҷ гоҳ аз мақоми хеш паст фуромадан лозим нест. Дар қонун бо ҳарфҳои хоно гуфта шудааст, ки баробари гирифтани хабар ё арзу шикоят чӣ бояд кард, вале банда ба қавли ҳазрати Ҳофиз фалакро тарҳи нав барафрохтанӣ шудам. Маслиҳат хуб аст, агар маслиҳат шунав бошад ва шунаванда манфиати шахсиро дар мадди аввал нагузорад.
Ҳикмат Зариф тамокуи нимсўхтаро ба хокистардони мармарин партофта, аз ҷой бархесту назди тиреза рафт. Чун тирезаҳои дафтари кории ӯ ба самти ҳавлӣ кушода мешуданду аз он ҳавлии хурдакаке, ки гирдаш девори баланд дошт, чизи тамошобобе ҳам ба чашми вай нарасид. Ҳикмат Зариф оҳиста - оҳиста нигоҳашро ба самти боло, ба дуриҳои дур равона кард…
Ҳамин вақт садои баланду гўшхароши тайёрае ўро ҳушёртар сохт, вале ҳарчанд кӯшид, худи тайёраро надид, фақат дуди сафеди борике чун нишона аз самти ҳаракати он мурғи фӯлодин дар осмони софу беғубор боқӣ монда буду халос. Ҳикмат Зариф ба он нақши сафед чашм дӯхта, ба хулосае омад, ки дар дунё коре нест бе нақш бошад ва баҳри инсон беҳтарин нақш ин кори хайр аст…

пешина
аз 527
навбатӣ