Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Нақши хатсайри тайёра дар фазои беканор то дер боқӣ монд ва аз тамошои он мавҷи андешаҳои Ҳикмат Зариф боз лаппиш хўрд. Ҳарчанд ў писарбачаи ноболиғ Қодири Ашўрро надида бошад ҳам, вале симои ў чун рамзи Хайр ба муқобили Шарр пеши назараш омад. Бо амри Худованд дар он субҳи солеҳон ў пой ба маконе гузоштааст, ки нафаре ҷони хеш аз даст дода ва боз он ду нафари ба ёрии вай шитофтаю ба васвасаи шайтон дода шуда. Он ду нафар ба ҷойи ёрӣ додан ба Сайёд Ватан баробари дидани он дипломати сиёҳ (“Ман ба суханони он писарбача итминони комил дорам,” - аз дил гузаронд Ҳикмат Зариф), ки ҳанўз аз нақши дар осмон мондаи тайёра чашм наканда буд, ба васвасаи шайтони алайҳилаъна дода шуда, онро бо худ гирифта, рўбоҳвор думро аз он мавзеъ хода намуданд. Бехабар аз он ки Худои азза ва ҷалла бузург аст ва чашми ҳамабин дорад. Бубин, ба рағми он ду нафар, ки аз хиради илоҳӣ дар ниҳодашон нишоне набудааст, дар он мавзеъ писарбачаи бегуноҳро ҳозир намудааст, то нақши дасти инсонҳои нопоку бадкирдорро бубинад…
Чун нақши тайёра дар фазо аз чашм нопадид гашт, Ҳикмат Зариф сари мизи кориаш баргашт ва чанд коғази сафедеро пешаш гузошта, хома ба даст гирифт. “Ба умеди як кайк шуда...” - ба ёд овард ў суханони Одина Валихонро ва аз мавқеи пешгирифтаи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ дилаш фишурда шуд. Одина Валихон андеша накард, ки кайк дар як шабонарўз чӣ қадар тухм мегуз ки ҳар яки мо андешаи кайкро намоем, пас вой бар ҳоли соҳиби пӯстин. Бубин, бо амри Худованд он писарбача ба мавзеи Дударгӣ омаду шоҳиди амали номатлуби он ду нафар гашт, пас чӣ тавр милиса метавонад ба хотири паст нарафтани фоизи кораш аз чунин нишондод рўй гардонад, куҷост мантиқ? Магар бо чунин амал милиса баҳри фарохшавии майдони ҳарбу зарби дузду қаллоб роҳ намекушояд?
Бо ҳама хурдию ноболиғии хеш он писарбача садҳо маротиба кори некеро дар нисбати мо анҷом додааст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор