Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикмат Зариф болои варақ хома бурд ва худ нақшаи корҳои ҷустуҷўиро рӯӣ лисон овард…


Хушдил Одил болои бистари мулоим ҳам орому осуда набуд. Вазъи ўро худаш медонисту Худо ва боз чанд тани дигар, ки нисбат ба ҳолати қарордоштаи вай мавқеи мухталиф доштанд. Нафаре чун худи вай дар ҷустуҷўи он дипломати зормонда қариб аз ақл бегона шудаву тайёр буд, ки хуни ў бирезад. Маҳз бо амри ў он ду калабур вайро ба чунин ҳол расониданд. Боз он ду нафаре, ки замоне аз нўги кордашон хун мерехту аз тарси замона мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд. Дар охир зани муштпаре, чун фарди дар аъроф монда…
Субҳи рўзи дигар чун ҳамсараш бачаашро ба боғча бурд, ў бо азобе аз бистар хеста, то пушти тиреза омад. Дар як нигоҳ ў фаҳмид, ки чархи зиндагӣ аз кор намондааст. Мардум чун мурчагон ҳама аз пайи ризқу рўзии хеш дар даву тоз буданд, ба қавле маҷрои зиндагӣ бе худи вай ҳам бо роҳи хеш равон буду равон.
Хушдил Одил бо ин қаноат накарда, бо азобе то миёнҷойи хона рафт ва ин даъфа курсиеро бо худ назди тиреза овард. Чун ба курсӣ нишаст худро каме ҳам бошад беҳтар ҳис намуда боз чашм ба берун дўхт. Давутози мардуми роҳгузарро дида, ба хулосае омад, ки ҷаҳон бо асрори ниҳоне рўйи чархе дар гардиш аст ва Худо накарда он чарх аз меҳвари хеш ҷудо шавад. Дили Хушдил Одил аз чунин андешаи нобарҷо ларзид. Охир рафту чархи кайҳон аз меҳвараш ҷудо шавад, ин сайёраи хурдакаки мо ки номаш Замин аст, яку якбора ҳамаи ин ҷаҳонталабонро ба коми хеш фурў хоҳад бурд. Дар он сурат дигар на ту монию на ман, вале бубин, ки бе ману ту ҳам ҷаҳон ҷовидон аст.
Паси оинаи тиреза Хушдил Одил ҳодисаи гум шудани он дипломати сиёҳро, ки дар дохилаш ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ буд, пеши назар оварданӣ шуд. Аз он чи ки дипломатро Сайёд Ватан бо худ бурд, ў шакку шубҳае надорад. Дар ин ҷода ў мард буд. Рост гуфтаанд, ки мард аз Худо мебинаду номард аз рафиқаш. Дороб Қамар ба андешаи вай акнун номард буд, чунки ба вай бовар накард. Бовар накарданаш кам буд, ки боз тариқи он ду нобакор қасд ба ҷони вай намуд.

пешина
аз 527
навбатӣ