Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Хайр чӣ, модоме ки сари бандаро аз тан ҷудо намуд, чархи барин аз кор мемонад?
- Ҳаргиз. Бубин дар кўча бе ман ҳам зиндагӣ бо маҷрои хеш равон аст. Касе ба гўшаи хотир ҳам намеорад, ки Сайёд Ватан зери сангчарх мондааст. Кӯтоҳназарем мо.
“Ҳар кӣ бад кард, ба бадии Худо гирифтор шуд,” - шунид ў навои дили саропо моломоли дардашро.
…
Ба навои қалби хеш ў посух гуфта натавонист. Чӣ ҳам мегуфт? Охир он ҳаштод ҳазор доллар бо кадом нарх ба даст омада буд, Дороб Қамар медонаду вай, вай медонаду Худо ва боз ҳамаи онҳое, ки моли овардаи Дороб Қамарро обу лой намуданд ва боз онҳое, ки акнун мубталои нашъамандӣ гаштаанд. Навҳаи модароне, ки фарзандони хешро аз чунин роҳ боздошта натавонистанд, чашмони мазҳуни кўдакони ятиммонда, ки волидайни онҳо аз дасти Дороб Қамару Хушдил Одил баринҳо дунёи фониро бармаҳал тарк намудаанд, гўё аз самти дигари тиреза ба сўяш бо нафрат наззора доштанд.
Хушдил Одил тоқати андешаҳои хеш накарда, хост аз мавқеи ишғолкардааш қафотар, ба даруни хона равад, то дигар на садое шунаваду на нигоҳеро бубинад, вале нохост нигоҳаш ба нафаре бархўрд, ки аз мошини ВАЗ-2105 берун омадаву як ба тарафи бинои онҳо назар намуда, сипас худро пушти чанори калони тарафи муқобили роҳ гирифт. Мошин бошад, самти ҳаракаташро давом дода, аз назари Хушдил Одил пинҳон шуд. Лек симои эшон чун дуди ғам (нафари аз мошин беруномада, ки паси он чинори азим ҷисми хешро пинҳон намуд) дар он маҳал боқӣ монд…
Дунё дар назари Хушдил Одил торик шуд ва ё пеши чашмонашро сиёҳӣ пахш намуд, ки ў чашмонашро молиш дод ва сипас нигоҳашро ба самти муқобили кўча дурусттар равона кард.
Аз он чи ки нафари ҷисми хешро дар паси дарахти чинор пинҳоннамуда дар нигоҳ ба тарафи бинои онҳо ниҳоят эҳтиёткор буд, аёнаш гашт, ки нияташ нек нест ва кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки касе ўро аз самти бино набинад. Маҳз ҳамин ҳолат таваҷҷуҳи бемори паси шишаи тирезаи ошёнаи якуми бинои нуҳқабтаро боз ҳам бештар кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор