Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ниҳоят шахси дар паси чинор буда роҳгузареро, ки аз самти ғарб ба тарафи шарқ ҳаракат мекард, дида, ба истиқболаш ду - се қадам гузошта, бо мадади вай тамокуи дар байни ангуштонаш нигоҳдоштаро оташ гиронд ва баъди изҳори миннатдорӣ, дар ҳоле ки тамокуро байни ангуштони дасти росташ нигоҳ медошт, рў ба тарафи роҳ гардонд.
- Худоё, наход боз ҳамон калабурон бошанд? - аз дил гузаронд Хушдил Одил ва ҷисми ба қавле лакоту хастаи хешро дар болои курсӣ каме ҳам бошад қафо кашид. Чун он марди шиносаш, ки бо "ҷамоли ҷаҳонорои" хеш таъби ўро яку якбора сиёҳ карда буд, боз мавқеи пештараи хешро ишғол намуда, бо нигоҳ аз байни издиҳоми кӯча дўсти дуюмашро, ки дар "тарбияи" вай саҳми бештаре гузошта буд, ҷўё шуд, вале ҳама кўшишҳояш бе натиҷа баромаданд.
Вай бисёр мехост фаҳмад, ки он калабурро дар сар, чӣ андешаест... Ў ҷарроҳатҳои то кунун гирифтаашро ба гўшаи фаромўшӣ дода, хатари бештареро, ки аз новаки қазо ба самти вай ҷорӣ буд, дарк намуд… Акнун вай аз ғами ҷони хеш дида, дар ғами ҷони писарбачаи шашсолааш ки ҳоло дар боғча буд, азият мекашид. Бо амри Дороб Қамар он манқурти паси чинор метавонист писари вайро ба гарав гирад… - Худоё, дўстрӯяки маро дар паноҳат нигоҳ дор, - даст ба дуо бардошта илтиҷо намуд вай…
- Худоё ҷигаргўшаи маро…
“Магар онҳоеро, ки шумо баҳри манфиати хеш бо роҳи фиреб ба доми марг партофтед, падару модар надоштанд?” Ин нидои қалбаш буд ё аз ғайб, ў нафаҳмид, вале ҳар чӣ буд ё набуд, чун тири аз камон ҷаста қалбаш шикофт… - Худоё, тавба, - кардам…
“Тавбаи бадтар аз гуноҳ!”-шунид ӯ овози қалбаш - М…м…мегўянд, ки Парвардигор бахшандаю меҳрубон аст, - дубора базур овоз рӯшан кард вай.
“Бахшанда аст, ба шарте ки тавба аз сидқи дил бошад,”- нидо омад ба гўшаш. - Тавба кардам, тавба…
- Дар ҳоле, ки худат қарор дорӣ, дигар чӣ ҳам мегуфтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор