Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Магар ҳоли ман чунон бад аст…
  • Аз назари худат чӣ?
  • Намедонам.
  • Ҳамаашро мефаҳмӣ.
  • Аз куҷо фаҳмидед?
  • Аз ҳамон тавбаи бемаҳалат.
  • Магар тавба кардан гуноҳ аст?
  • Гуноҳ нест ба шарте, ки…
  • Хайр шуд, тавба кардам, тавба. Худоё ҷигаргўшаи маро…
  • Худаш чи гап? - шунид ў овози касеро ва чун рўй ба тарафи овоз гардонд, ҳамсарашро дид.
  • Ту чӣ хел омадӣ, ки ман пайхас накардам? - ба ҷойи посух бо савол ба тарафи ҳамсараш муроҷиат намуд вай.
  • Дар ҳоле ки худат қарор доштӣ, агар танк ҳам меомад, хабардор намешудӣ.
  • Наход?
  • Дурўғгӯй душмани Худо.
  • Худоё…
  • Чӣ гап шуд?
  • Ана вай…
  • Кӣ?
  • Ҳамон нафари пушти чанор…
    Раъно ба ҳамон самти ишора намудаи шавҳар чашм дӯхт, вале касеро надида гуфт:
  • Дар пушти чанор касе нест.
  • Чӣ хел нест? - ба тарафи ҳамсар нигариста пурсид вай.
  • Ҳамин хел одӣ, ана нигоҳ кун.
    Хушдил Одил боз чашм ба самти чанори тарафи муқобили роҳ дўхт, вале ин даъфа касеро надид…
  • Хуш киро мебинӣ?
  • Худоё.
  • О, дурусттар гап зан. Ман ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаам.
  • Чӣ гўям?
  • Ҳақиқатро.
  • Ҳақиқатро мону ба боғча занг зада гўй, ки Шерзодро эҳтиёт намоянд.
пешина
аз 527
навбатӣ