Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Магар ба ў ягон хатар таҳдид мекунад?
- Хатар, хатар, о тезтар занг зан…
- Ман ҳозир, - гўён Раъно ба боғча занг зад, вале мутаассифона, ба ҷуз гуд - гуди кўтоҳ дигар чизеро нашунида, гўшакро ба ҷояш монд.
Бо супориши шавҳар ў ба тарафи боғча давид ва баробари пой бар остонаи боғча гузоштан даву този мурраббиёнро дида, дилаш қариб аз тапидан монд. Бо азобе худро ба даст гирифта, хоҳиши Шерзодро дидан кард… - Шерзод нест, мо ҳама дар ҷустуҷўи ўем, касе намедонад, ки вай ба кадом тараф рафтааст, - гуфт мураббие, ки гурўҳи Шерзодро сарварӣ дошт ва лаҷоми гиряро сар дод.
- Шерзод нест, чӣ хел нест? - гўён пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд…
“Фарбеҳиро танҳо гўсфанд мебардорад,” - гуфтани мардум беҳуда набудааст.
Ин субҳ вориси Менделеев бо гарданбанди тилло озими мактаб шуду таваҷҷуҳи ҳамаро бедор кард.
- Ой, чӣ хел гарданбанди зебо…
- Аз куҷо гирифтӣ?
- Бо кадом нарх?
- Ё касе туҳфа кард?
Ҳамкорон акнун ҳама чизро донистан мехостанд. Онҳо дар он лаҳзаҳо аз ҳамкор дида ба милиса монанд буданд. - Хайрият бо мошини "Ҷип" ба мактаб нарафтам, - аз дил гузаронд муаллима ва боз ба дари хонаи иҷоравиаш ангушт зад. Пиразан дарро кушода, лаҳзае ҳам бошад, иҷоранишинашро аз сар то пой наззора намуда, “Муборак шавад” - гуфт.
Аз чӣ бошад, ки ў ҳатто ба соҳибхона ташаккур нагуфт.
Мегуфт, вале дар ҳамон лаҳза забонаш лол монд. Рост гуфтаанд, ки дузду ғар ҳамеша номарданд. Дар ин ҷо гап дар сари мардӣ ҳам намеравад. Бо ҳама паршикастагии хеш ў аллакай мардеро аз гурўҳи мардон, ки тарс дар ниҳодаш роҳ ёфта буд, ба коми оташ фиристод. Ба коми оташ гуфтан ин ҳанўз кам аст. Ў мардеро, ки мехост пулҳои ёфтаашро ба милиса бурда супорад, ба роҳе фиристод, ки бозгашт аз он роҳ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор