Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Пас чӣ ҷойи номардӣ?
“Дузду ғар ҳама номарданд,” - дуюмбора шунид ў овози қалби хеш, дар ҳоле ки пеши оинаи барқад тарҳи либос мекард.
- Кори хуб нашуд, чӣ лозим буд ҳамин худнамоишдиҳӣ?
Акнун мардум чӣ мегўянд? Бо маоше, ки аз шаст доллар боло нест, харидани гарданбанди панҷсаддоллара чӣ маънӣ дорад?
Бобояш мегуфт, ки мард ҳамеша андеша намуда, пас даст ба коре мезанад, вале зан бархилофи он амал мекунад, яъне аввал суханашро гуфта ё кореро анҷом дода, пас сари андеша менишинад, вале ў ҳамаро дурўғ мегуфт. Ба қавле чун гурба ба рўйи бобо чанг мезад ва суханашро дар даҳонаш мекушт… - Ба бобоят сарбасар нашав, - насиҳат мекард ўро модар, вале чун тарбияи падар надида буд, суханони модар аз як гўшаш даромада чун бод аз гўши дигараш баромада мерафтанд…
- Ҳар кӣ нагирифт насиҳати падар…
- Охир ман падарро ҳам надидаам, ё инаш ҳам гуноҳи ман аст? - ба ҳимояи хеш дасту остин барзаданӣ шуд вай.
- Ин ҷо гап дар сари падар ҳам намеравад.
- Пас асрори ниҳон чист?
- Насиҳати ҳама гуна шахсоне, ки аз худат аққалан як курта пештар пўшидаанд, аз манфиат холӣ набуд.
- Ҳаминаш намерасид, ки ҳамаи кӯру кар ба ман насиҳат намоянд.
- Модоме, ки чунин аст, акнун сазои нофармонии хеш бубин.
- Ман Худододам.
- Пеш аз пода чанг андохтанат хуб нест!
- Ин насиҳат аст?
- Бале.
- Насиҳат аз кӣ?
- Аз ин дили афгор.
- Гумон дорӣ, ки ман онро мепазирам?
- Намедонам.
- Ман ҳатто насиҳатҳои бобоямро гўш намекардам.
- Инаш танҳо бар зарари худи ту буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор